Назар ба гузоришҳо аз Димашқ дирӯз дар назди вазорати умури дохилии Сурия се таркиш ба вуқӯъ пайвастааст. Телевизиони давлатии Сурия мегӯяд, таркишҳо дар назди даромадҳгоҳи асосии вазорат ба амал омадаанд ва сарчашмаи яке инфиҷорҳо мошини саршор аз маводи тарканда будааст.Телевизиони Сурия иброз дошт, ки таркишҳо боиси марги одамон шудаанд, вале дар бораи шумораи қурбониҳо маълумот надод. Хабаргузории САНА-и Сурия навиштааст, ки масъулияти таркишҳо бар дӯши террористон аст. Ҳамин хабаргузорӣ таъкид мекунад, ки ҳукумати Сурия амри боздошти собиқ сарвазири Лубнон Саъд Ҳаририро содир кардааст, зеро ӯ ва ду нафари дигар дар Сурия ба террористон пулу силоҳ фароҳам овардаанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки ҳукми боздошти Ҳарирӣ ба Интерпол ҳам фиристода шудааст.