Леон Панетта, вазири дифоъи Амрико, имрӯз бо як сафари аз пеш эъломнашуда вориди Афғонистон шуд, то бо фармондеҳон ва раиси ҷумҳури ин кишвар Ҳомиди Карзай мулоқот кунад. Сафари ӯ ба Кобул дар замоне сурат мегирад, ки нерӯҳои байналмилалӣ ба тадриҷ масъулиятҳои бештари таъмини амниятро дар ихтиёри худи нерӯҳои афғон мегузоранд. Қарор аст, аксари нерӯҳои ҷангии хориҷӣ то охири соли 2014 Афғонистонро тарк кунанд. Леон Панетта, пеш аз вурудаш ба Кобул дар Кувай гуфт, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи оянда тасмим хоҳад гирифт, ки баъди соли 2014 чӣ теъдоде аз сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон мемонанд. Айни замон Амрико дар ин кишвар 66 ҳазор сарбоз дорад.