Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 12 декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки сокини шаҳри Душанбе Мадина Раҷабзодаи 20-сола дар натиҷаи як муноқишаи заношавҳарӣ, Ҳасани Мирзо, шавҳари 54 солаи худро, ки шаҳрванди Эрон мебошад, бо зарби корд ба ҳалокат расонидааст.
Дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло аз рӯи ин ҳодиса, додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мадина нимсол қабл бо шаҳрванди Эрон Ҳасани Мирзо ақди никоҳ баста, зиндагии хонаводагӣ доштаанд.
Тафтишоти ин ҳодиса аз тарафи Коромандони вазорати умури дохила нишон додааст, ки Мадина қасди куштори шавҳарашро надошта, танҳо барои таҳдид ба тарафи вай кордкашӣ кардааст, ки теғ ба ҷигари вай асобат карда ва ин боиси марги Ҳасани Мирзо шудааст. Ба иттилои Вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон ин ҳодиса дар таърихи 24-уми ноябр рух додааст.