Иттиҳодияи Аврупо рӯи узвияти Сербия ихтилоф дорад

Вазирони Иттиҳодияи Аврупо саъй доранд, ихтилоф дар масъалаи музокироти узвияти Сербия дар ин созмонро рафъ кунанд. Рӯзи сешанбе баҳси он рӯи замони оғози музокироти узвияти ин кишвар то ҷое нарасид. Баъзе кишварҳо аз он нигаронанд, ки мақомоти Белград ҳанӯз ҳам Косоворо бахше аз қаламрави Сербия мешуморанд.
Вазири умури аврупоии Олмон Михаел Линк мегӯяд, ҳар кишвари довталаби узвият бояд сари вақт масъулиятҳояшро иҷро кунад:
Хеле муҳим аст, ки ҳар кишвари номзад дарк кунад, ки ҳаракаташ бояд саривақт оғоз ёбад, на дар лаҳзаи охирин, ки ҳадаф аз он пайдо намудани имкони маневри сиёсӣ аст.”
Дар ин масъала вазири корҳои хориҷии Полша ё худ Лаҳистон Радослав Сикорский мегӯяд, муқаррар намудани рӯзи дақиқи оғози музокирот зиёд муҳим нест.
Сербия дар моҳи марти соли равон ба гирифтани мақоми расмии номзади узвият дар Иттиҳодияи Аврупо муваффақ шудааст.