Дар Қоҳира ниқобпӯшон нӯҳ эътирозгарро захмӣ карданд

Дар Қоҳира афроди ниқобпӯш сӯи фаъолони мухолифин, ки дар майдони Таҳрир хайма мезаданд, оташ кушода, нӯҳ нафарро захмӣ карданд. Ба гуфтаи мақомоти Миср, ҳанӯз рӯшан нест, ки дар ин ҳамла киҳо даст доранд.

Имрӯз дар Миср баргузории намоишҳои оммавии мухолифин ва ҷонибдорони раисиҷумҳур Муҳаммади Мурсӣ дар назар аст. Ҷонибдорони мухолифин талоши манъи ҳамапурсӣ оид ба тарҳи Қонуни асосии кишварро доранд, ки ба рӯзи 15 декабр таъин шудааст. Ба гуфтаи онҳо,дар ин тарҳ аз манфиатҳои баъзе қишрҳои ҷомеъаи Миср сарфи назар шудааст.

Аз ин пеш Муҳаммад Мурсӣ амреро имзо кард, ки бар пояи он низомиён ба хотири таъмини низому амният дар кишвар метавонад шаҳрвандонро боздошт кунанд.

Рӯзи якшанбе Муҳаммад Мурсӣ дастури густариши салоҳиятҳояшро, ки боиси эътирозҳвои оммавӣ дар кишвар гардид, лағв кард, аммо аз тақозои мухолифин бораи аз 15 декабр ба вақти дигар гузаронидани рӯзи ҳамапурсӣ оид ба Қонуни асосӣ сарфи назар намуд.