Имсол теъдоди бесобиқаи хабарнигорон аз озодӣ маҳрум карда шудаанд – ба иттилои CPJ -Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Ню-Йорк, соли равон барои фаъолияти касбӣ 232 хабарнигор равонаи зиндон шудааст, ки назар ба як соли пеш 50 нафар бештар аст. Гузориши нави Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар ин бора ахиран нашр шуд. Ин гузоришҳо аз соли 1990 ба ин сӯ таҳия мешаванд.
Бар пояи иттилои CPJ, теъдоди хабарнигорони боздошт ва зиндонишуда аз ҳама бештар – 49 нафар дар Туркия аст. Дар Эрон 45 хабарнигор, дар Чин 32 корманди расонаи хабарӣ, ки бештари онҳо ӯйғур ё тибетиянд, дар чаҳордекори маҳбас ба сар мебаранд. Миёни кишварҳои шӯравии собиқ Озарбойҷон “рекордсмен” аст – дар ин кишвар 9 рӯзноманигор аз озодӣ маҳрум карда шудааст.
Хабарнигорон бештар бо иттиҳоми "терроризм" ва "хиёнат ба давлат" аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.