Дар як пешбинии ниҳодҳои иктишофии ИМА гуфта мешавад, ки эҳтимол то соли 2030-ум ИМА мақоми кишвари абарқудратро аз даст диҳад, зеро иқтисоди кишварҳои осиёӣ дар муқоиса бо Амрикои Шимолӣ ва Аврупо рушди бештар хоҳанд дошт.
Дар гузориши “Ҷараёнҳои саросарӣ 2030”( “Global Trends 2030”), ки рӯзи душанбе аз тарафи Шӯрои амнияти милиии ИМА нашр шуд, таъкид мешавад, ки ба ҳар ҳол ИМА дар байни кишварҳои нерӯманди олам боқӣ хоҳад монд, зеро дар ҳалли бӯҳронҳои ҷаҳонӣ нақши муҳим бозида метавонад ва ҳамчунон пешрафти фанновариҳои ИМА ва дастовардҳои фарҳангии ин кишвар ё худ "нерӯи нарми он" саҳми худро ҳифз мекунанд.
Дар ин гузориш омадааст, ки шояд иқтисоди Чин дар солҳои бистуми қарни равон аз иқтисоди ИМА пеш гузарад. Дар ҳамин гузориш гуфта мешавад, ки дар Русия ва Япония ё худ Ҷопон заволи қадам ба қадам идома мекунад. Дар гузориш ҳамчунон зикр шудааст, ки то солҳои сиюми қарни 21-ум амалҳои хушунатбори террористони исломӣ коҳиш меёбанд.