12 ҳомии машҳури ҳуқуқи инсон дар соли 2012
<b>Аум Сан Су Чӣ, сиёсатмадори мухолиф, Бирма.</b> Зиёда аз ду даҳа барои демократия дар кишвараш мубориза кард ва 15 сол дар ҳабси хонагӣ буд. Барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 1991.
<b>Чен Гуангчен, фаъоли ҳуқуқи башари Чин, муҳоҷир</b> Ҳомии нобинои ҳуқуқи башар пас аз мухолифати тӯлонӣ бо сиёсатҳои ҳукумати Чин, ватанашро тарк кард.
<b>Алеш Бялятски, дар маҳбаси Беларус. </b> Бо иттиҳомоти дорои ангезаҳои сиёсӣ ба чоруним соли зиндон маҳкум шудааст.Барандаи Ҷоизаи ба номи Сахаров дар соли 2012.
<b>Насрини Сутуда, ҳуқуқшиноси эронӣ, маҳбус.</b> Бо иттиҳоми таблиғи зидди давлат ва ихлол ба амнияти миллӣ ба шаш соли ҳабс маҳкум шудааст. Барандаи Ҷоизаи ба номи Сахаров дар соли 2012.
<b>Ай Вейвей, наққоош ва фаъоли сиёсии Чин.</b> Барои танқиди мақомоти давлатӣ ва айбдор донистани онҳо дар фасод соли гузашта ба се моҳи ҳабс маҳкум шуд. Ӯро дар насупурдани андоз айбдор карданд ва мегӯяд, ҳадаф муҷозоти сиёсист.
<b>Питер Букарт, мудири бахши изтирории созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch, аз Иёлоти Муттаҳида.</b> Вай дар сафи пеши ҷабҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон қарор дорад. Гузориши қатли Муаммар Қахззофӣ дар Либия аз тарафи ошӯбгарон ба факту далелҳои кашфкардаи ӯ асос ёфтааст.
<b>Денис Муквеге, пизишк дар Конго. Дар ҳоли муолиҷаи баъд аз ҳамла. </b>Маълумоти пахшкардаи ӯ дар бораи таҷовузи мусаллаҳон ба номуси занон дар ҷараёни ҷанг дар Конго сабаб шуд, ки ба манзилаш ҳамла ва тарафаш тирандозӣ кунанд. Вай ва аҳли оилааш ҷон ба саломат бурданд.
<b>Владимир Козлов, раҳбари мухолифони Қазоқистон, маҳбус. </b> Мунаққиди шадидуллаҳни президент Нурсултон Назарбоев дар моҳи октябр бо иттиҳоми талошҳои сарнагунии ҳукумат зимни рӯйдодҳои хунини Жанаоузен ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум шуд.
<b>Малола Юсуфзай, фаъоли таҳсили духтарон дар Покистон. Дар ҳоли муолиҷаи пас аз ҳамла аст..</b> Мактабхони 14-сола дар моҳи октябр барои матолибе, ки дар он толибҳоро маҳкум ва аз ҳаққи таҳсили духтарон ҳимоят мекард, ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт.
<b>Идрок Аббосов, журналист дар Озарбойҷон. </b> Аз тарафи наздик ба 20 корманди полис ва маъмури амниятии ширкати давлатии барқ шадидан латукӯб шуд. Вай мехост, тахриби манзили мардумро аз тарафи ин ширкат филмбардорӣ кунад.Барандаи ҷоизаи зидди сонсур.