Раиси бахши умури занон дар Лағмонро куштанд

Дар Афғонистон Нодия Сиддиқӣ, раиси бахши умури занон дар ҳукумати вилояти Лағмонро, куштаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, Нодия Сиддиқиро субҳи имрӯз дар роҳ ба сӯи дафтари кориаш афроди мусаллаҳ бо тири туфанг ҳалок кардаанд. Аҳмад Шерзод, раиси идораи пулиси Лағмон, ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфтааст, ки бидуни шак, қотилони ин занро боздошт хоҳанд кард. Нодия Сиддиқӣ, чанд моҳ пеш ҷойгузини Ҳанифа Сафӣ шуда буд, ки ӯро низ дар моҳи июл бо гузоштани бомб дар мошинаш куштанд. То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти қатли Нодия Сиддиқиро бар дӯш нагирифтааст, аммо Толибон, ки бар зиддди ҳукумати Афғонистон меҷанганд, истифодаи ин усулро ҳарчӣ бештар кардаанд.