Имрӯз дар саросари олам Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар таҷлил мешавад. Шиори ин рӯз таълими ҳуқуқи башар ба мардум ва ба вижа ба кӯдакону наврасон аст, то онҳо аҳамияти ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар ҷамоаҳояшонро дарк кунанд. Даҳуми декабри соли 1948 Маҷмаи кулли СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул кардааст. Аз ҳамон сол 10-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар ҷашн гирифта мешавад. СММ мегӯяд, дар ҳоле, ки Эъломия ҳукми иҷро надорад, он ба қабули камаш 60 санади марбут бо ҳуқуқи башар замина гузошта, ҳоло ҳам ба фаъолияти ҳукуматҳои саросари дунё таъсир мегузорад. Қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки дар пайи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва муҳорибаҳои зидди мустамликадорӣ ба тасвиб расидааст, ҳамчун як нуқтаи муҳими чархиш баррасӣ мешавад.