Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бар зидди қонуни нави ИМА, ки таҳрими мансабдорони поймолкунандаи ҳуқуқи башарро мадди назар дорад, садо баланд кард. Ба қавли Лавров қонуни Магнитский кӯшишҳои эҳёи равобити миёни Маскаву Вашингтонро барҳам мезанад.
Ӯ аз вакилони Думаи давлатии Русия даъват кард, ки ба ин қонун ҷавоби воҳиди дастаҷамъӣ диҳанд:
“ Қонуни Магнитский ба манфиати ИМА хидмат мекунад. Он ба муборизаҳои дохилии онҳо рабт дошта, амалан ягона дастоварди президент Барак Обамаро, ки дар маъракаи интихоботии ӯ матраҳ мешуд, аз байн мебарад.”
Сенат қонуни Магнитскийро шашуми декабр қабул кардааст. Сергей Магнитский ҳуқуқшиноси рус аст, ки бо мубориза бо фасод ном бароварда буд.
Ӯ дар соли 2009-ум дар маҳбас ба ҳалокат расидааст. Бар пояи қонуни Магнитский дар қаламрави ИМА суратҳисобҳои бонкии мансабдорони рус, ки дар поймол намудани ҳуқуқи башар нақш доранд, баста мешаванд ва ҳамчунон онҳо аз ҳаққи вуруд ба ИМА маҳрум хоҳанд шуд.
Алексей Пушков-раиси Кумитаи равобити хориҷии Думаи давлатӣ мегӯяд, ки Русия ҳам як рӯйхати сиёҳи мансабдорони амрикоиро таҳия кардааст, ки дар поймол намудани ҳуқуқи башар нақш дошта, аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум хоҳанд шуд.