Эрон бузургтарин амалиёт алайҳи қочоқбаронро доир кард

Кормандони полиси Эрон дар ҷараёни бузургтарин амалиёти моҳҳои ахир алайҳи қочоқи маводи мухадир дар марз бо Покистон 11 тонна маводи нашъадорро мусодира карданд.

Генерал Ҳусейн Зулфиқорӣ, раиси полиси марзии Эрон, ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, дар ҷараёни амалиёт, ки 36 соат идома дошт, онҳо дар минтақаи Якигӯри вилояти Сиистону Балуҷистон даҳ тонна нашъа ва як тонна ҳашиши омодаи фурӯшро пайдо намуданд. Дар ҷараёни амалиёт даргирии полис бо қочоқбарон ба вуқӯъ пайваст, ки дар он як қочоқбар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бархе аз қочоқбарон дар қаламрави Покистон панаҳ бурданд.

Марзи Эрон бо Афғонистону Покистон 1700 километрро ташкил медиҳад ва он роҳи асосии интиқоли маводи мухаддир ба Аврупо ва Ховари Миёна маҳсуб мешавад.

Ба иттилои полис, онҳо соли равон беш аз 350 тонна маводи мухаддирро ошкор ва мусодира кардаанд.