Раҳбари Ҳамос баъди 45 соли ҳиҷрат ба Ғазза рафт

Холид Машъал-раҳбари сиёсии Ҳамос

Рӯзи ҷумъа баъди 45 соли муҳоҷират Холид Машъал-раҳбари гурӯҳи исломии Ҳамос барои аввалин бор вориди минтақаи Ғазза шуд. Ба гуфти мансабдорони Ҳамос Машъал дар чорабиниҳои идона бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Ҳамос иштирок хоҳад кард. Аз соли 2007-ум ба ин тараф Ҳамос назорати минтақаи Ғаззаро бар дӯш дорад. Машъал нақша дорад, ки дар ҷамъомади рӯзи шанбе стратегияи сиёсии Ҳамосро эълон намояд. Моҳи гузашта исроил дар давоми ҳашт рӯз минтақаи Ғаззаро маврмиди оташ қарор дод, то ҷангҷӯёни фаластиниро ба қатъи мушакборони қаламрави Исроил водор намояд. Дар ин бархӯрдҳо камаш 170 фаластинӣ ва 6 исроилӣ ба ҳалокат расиданд. Баъди эълони оташбас, ки бо миёнаравии Миср ҳосил шуд, Ҳамос иддаои пирӯзӣ кард, вале Исроил иброз дошт, ки дар ин амалиёт қудрати Ҳамосро ба қадри қобили мулоҳиза заиф кардааст.