Маҳбусони ӯзбак чаҳордевори зиндонро тарк мекунанд

Сенати Ӯзбакистон ба муносибати 20-солагии қабули Қонуни асосии кишвар қарор дар бораи афвро қабул кард.

Бар пояи хабарҳо, фақат бархе аз бахшҳои маҳбусон, аз ҷумла, заноне, ки бори аввал ҷиноят содир кардаанд, афроди ҳангоми содир намудани ҷиноят синнашон ба 18-солагӣ нарасида, маҳбусони синнашон аз 60-сола боло ва шаҳрвандони хориҷӣ чаҳордевори маҳбасро тарк хоҳад кард.

Мақомоти Ӯзбакистон дар бораи шумораи умумии афвшудагон то ҳол иттилоъ надодаанд.

Бори ахир Сенати Ӯзбакистон дар бораи афви маҳбусон ҳафт сол пеш қарор содир карда буд. Аз ин пеш фақат раисиҷумҳури Ӯзбакистон ҳаққи имзои қонуни афвро дошт.