"Камчинӣ"-и доллар ва "қаллобӣ"-и саррофон

Ҳафтаи ҷорӣ қурби доллар дар бозори асъори шаҳри Душанбе боло рафт ва саррофон долларро аз арзиши аслии он болотар ба фурӯш бароварданд.
Сардор Ғуломов, тоҷир аз шаҳри Душанбе, мегӯяд қимматфурӯшии доллар дар бозори нақди Тоҷикистон дар лаҳзаҳое, ки арзиши доллар боло меравад, як чизи маъмулӣ шудаст: «Тайи рӯзҳои охир арзиши доллар дар Душанбе аз 4.85 то ба 4.88 сомонӣ расидааст. Нархи як доллар зимни фурӯш дар лавҳаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор 4,87 ё 4,88 сомонӣ нишон дода шудааст. Аммо вақте долларро хариданӣ мешавем, мегӯянд доллар нест ё ба ивази 4,88 ва ҳатто 4,90 сомонӣ мефурӯшанд.»

Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон амали бисёре аз саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе, ки долларро аз нишондоди дар лавҳа навиштаашон қиматтар мефурӯшанд, ғайриқонунӣ гуфт.

Ҷаноби Ширинов зимни нишасти ахири матбуотиаш дар Душанбе таъкид намуда буд, ки «вақте дар лавҳа як чӣ навишта шудасту дар асл саррофон бо дигар арзиш кор мекунанд, ин ба қоидаҳои хариду фурӯши асъор мувофиқ нест ва ғайриқонунӣ мебошад.»

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ҳақ надоранд, ба раванди муайян намудани қурб дар нуқтаҳо дахолат кунанд. Ба эътиқоди масъулини Бонки Миллӣ, онро соҳибони нуқтаҳои мубодила бо "фармони қурб" муайян мекунанд ва дар овезаҳо нишон медиҳанд.

Аммо масъулини Бонки миллӣ таъкид мекунанд, ки корманди нуқтаи мубодилаи асъор ҳақ надорад, зимни хариду фурӯши асъор, ба як кас арзону ба дигар афрод қимматтар фурӯшад ва бояд аз рӯи нишондоди овезаи нуқтаи мубодилаи асъор, фаъолият амал намояд. Масъулини Бонки миллӣ таъкид мекунанд, ки дар ин росто фаъолияти худро густариш хоҳанд дод ва чораҳои мушаххас хоҳанд андешид .

Таҳлилгарон афзоиши қурби доллар дар Тоҷикистонро ба коҳиши ворид шудани асъори хориҷӣ ба кишвар рабт медиҳанд. Дар ҳоле, ки воридоти асъор кам мешавад, талабот ба он афзоиш ёфтааст, чун тоҷирон дар арафаи соли наву зимистон барои хариди молу коло аз хориҷа, ба доллар ниёз доранд.