Парлумони Тоҷикистон тарҳи будҷа барои соли 2013-ро, ки ба гуфтаи иқтисоддонҳо ба зарари бахши хусусӣ аст, ба тасвиб расонд.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, имрӯз зимни муаррифии тарҳи будҷа изҳор дошт, ки маблағҳои он асосан ба татбиқи се самти стратегӣ-- истиқлолияти энергетикӣ, амнияти ғизоӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ равона хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ, будҷаи Тоҷикистон барои соли 2013 назар ба соли ҷорӣ 2 миллиард сомонӣ бештар буда, 12.1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Соли оянда касри будҷа 210,5 миллион сомонӣ ва қурби доллар 5 сомонӣ пешбинӣ шудаст. Бар пояи санад, соли 2013 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ВВП) то 30 дарсад боло меравад.. Ҳаҷми афзоиши истеҳсолот ба андозаи беш аз 7,4 дарсад ва сатҳи таваррум 9 дарсад тахмин зада шудааст.