Тарафдорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср дирӯз дар шаҳри Қоҳира ва дар назди кохи раиси ҷумҳур муноқиша карданд. Баъди ҳамлаи тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ ба яке аз хаймаҳои тазоҳургарони мухолифи раиси ҷумҳур, миёни онҳо низоъ бархост ва ду тараф ба сӯи ҳам зарфҳои оташгиранда партоб карданд. Ба гуфтаи вазорати беҳдошти Миср, дар ин муноқишаҳо 3 нафар кушта ва 350 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Тазоҳургарони мухолифи раиси ҷумҳур аз тамаркузи қудрат дар дасти Муҳаммад Мурсӣ ва аз тарҳи Қонуни Асосӣ ба хашм омадаанд, ки исломгароёни ҳаводори ӯ он тарҳро шитобкорона ва бе назари дигар гурӯҳҳои озодандеш тасвиб намуданд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико ду тарафро ба муколамаи фаврӣ дар бораи тарҳи қонуни асосӣ даъват кард, ки ба гуфтаи ӯ “ба ҳуқуқи ҳама эҳтиром бигзорад.”