Ду корманди Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои қочоқи 13 ҳазор дона сигори навъи Pine, дар Бадахшон боздошт шуданд.
Саъдулло Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр ба «Озодӣ» гуфт, ки ду корманди Сарраёсати марзбонии минтақаи Ишкошимро бо гумони қочоқи сигор аз Афғонистон ба Тоҷикистон, боздошт намудаанд.
Бино ба иттилои Оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кормандони ин ниҳод дар доираи амалиёти «Кӯкнор 2012», дар постгоҳи «Андароб», воқеъ дар 50 километрии шаҳри Хоруғ, як мошини мусофирбари «Тангем»-ро нигоҳ медоранд ва ҳангоми ҷустуҷӯ аз дохили он 25 қуттӣ сигори навъи ПИНЕ ошкор мешавад.
Кормандони Оҷонсӣ мошини «Мереседес бенз»-ро, ки ба дунболи «Тангем» меомад ва онро гусел гусел мекард, низ манъ мекунанд. Ба иттилои ин манбаъ, дар дохили он ду корманди Cарраёсати нерӯҳои марзбонӣ ва як сокини ноҳияи Шуғнон, ду сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва як сокини шаҳри Душанбе менишастанд, ки ҳамаи онҳо боздошт шудаанд.
Онҳо зимни бозпурсӣ гуфтаанд, ки ин миқдор сигорро аз як шаҳрванди Афғонистон харидорӣ карда ва мехостаанд онро ба Душанбе интиқол бидиҳанд.
Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухадир мегӯяд, ки ин амалиёт дар доираи "Кукнор 2012" анҷом дода шудааст, ки феълан дар навоҳии вилояти Бадахшон ва Хатлон идома дорад.
Сокинони минтақа мегӯянд баъди амалиёти низомии 24-уми июл дар Бадахшон мубориза бо қочоқи "Пине" пурзӯр шуда, гаронии нархи онро ба бор овардааст. Асрор Имомназаров, сокини ноҳияи Шуғнон, мегӯяд, қабл аз амалиёти низомии Хоруғ як қуттӣ "Пине"-ро ба ивази 3 сомонӣ мехарид, ки акнун ба 5 сомонӣ расидааст. Муштариёни сигор дар минтақа мӯътақиданд, ки болоравии нархи "Пине" ба қатъи қочоқи он рабт дорад, зеро тариқи расмӣ ворид кардани он хароҷоти зиёд дошта, ногузир гарониро ба бор овардааст.