Бозпурсии пешаздодгоҳии Бредлӣ Маннинг, ки ба ироаи ҳазорон асноди маҳрамонаи Амрико ба сомонаи Wikileaks айбдор мешавад, имрӯз ҳам идома ёфтааст. Чанд ходими собиқи боздоштгоҳи низомие, ки Маннинг 9 боз дар он нигоҳдорӣ мешавад, ӯро нафаре ба қалам додаанд, ки бехуд шудааст ва хатаре вуҷуд дорад, ки шояд ба худаш осебе бирасонад. . Ду равоншинос қаблан шаҳодат доданд, ки фармондеҳи боздоштгоҳ дархостҳои онҳо барои сабуктар кардани шароити боздошти Маннингро сарфи назар кардааст. Алайҳи Маннинги 24-сола дар робита ба ифшои ҳазорон номаҳои дипломативу асноди низомии марбут ба ҷангҳои Ироғу Афғонистон 22 иттиҳом эълон шуда,дар сурати дайн шуданаш имкон дорад, ки ӯ ҳукми умрбод бигирад.