Эрон ҳукми қатли Саид Маликпурро мутаваққиф кард

Саид Маликпур

Бино ба хабарҳо, мақомоти Эрон ҳукми қатли як барномасози компутарро мутаваққиф кардаанд. Саид Маликпури 37-сола, ки дар Канада ба сар мебурд, ба таъсиси як сомонаи махсуси калонсолон айбдор мешуд. Вакили мудофеъи ӯ изҳори умед карда, ки ҳукми Маликпурро акнун коҳиш хоҳанд дод. Маликпур моҳи декабри соли 2008 ҳангоми аёдати падари маризаш дар Эрон дастгир шуда, соли 2010 бо се ҷурм, аз ҷумла “таъсис ва раҳбарии сомонаҳои марбут ба калонсолон” ва “тавҳин ба муқаддасоти исломӣ” маҳкум шуд. Маликпур мегӯяд, барномаи ӯ барои нашри аксҳо дар Интернет сохта шудааст ва ӯ намедонист, ки аз он барои сохтани сомонаҳои фаҳш истифода мешуд. Дар моҳи феврал раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иа Кетрин Эштон аз Эрон бозбинии ҳукми Маликпурро хоста буд.