Воридоти орду гандум қариб 900 000 тонна шудааст

Тоҷикистон имсол аз хориҷ ва асосан аз Қазоқистон ба маблағи 241 миллион доллар орду гандум ворид кардааст. Ҷамъи гандуми ворида дар 10 моҳи аввали сол 602 200 тонна ва ҷамъи воридоти орд 289 500 тоннаро ташкил додааст. Нархи орд дар Тоҷикистон аз моҳи июл ба ин сӯ башиддат боло рафта, дар ҳоли ҳозир як халтаи орд то 170 сомонӣ қимат дорад. Тоҷикистон ҳамасола аз хориҷ то 1,2 миллион тонна орду гандум ворид мекунад. Душанбе 90 дарсади ниёзаш ба ин ду маҳсулоти умдаи ғизоиро аз ҳисоби орду гандуми Қазоқистон пур мекунад.