Аз 1 декабр дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки санҷиши забони русиро барои муҳоҷирон ҳатмӣ мекунад. Тибқи ин қонун, муҳоҷироне ки дар соҳоти коммуналӣ, тиҷорат ва хидматрасонӣ кор мекунанд, муваззафанд, асосҳои забони русиро бидонанд. Онҳо бояд акнун ё имтиҳон супоранд, ё бо худ ҳуҷҷате дошта бошанд, ки балад будани онҳо ба забони давлатии кишвари мизбонро дар Русия таъйид кунад. Ҳамасола беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон низ барои кор ба Русия мераванд ва бино ба ҳисобҳо, беш аз нисфи онҳо дар ҳамин 3 бахше, ки донистани русӣ барои кормандонаш ҳатмӣ мешавад, кор мекунанд.