Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз баста шудани шабакаи иҷтимоии Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ ва дигар сомонаҳои хабарӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Сафорати Амрико ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба озодии баён «хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ»-ро ҳуқуқи умумибашарӣ номида, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то ба ҳаққи мардум, ба озодии баён эҳтиром гузошта, маҳдудиятҳои эҷодшуда дар роҳи дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук, сомонаи Озодӣ ва дигар сомонаҳоро аз байн барад.
Хадамоти алоқа аз бастани сомонаи Озодӣ изҳори бехабарӣ мекунад, вале ба гуфтаи манобеи огоҳ, чанде аз ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет бо дастури ҳамин ниҳод, рӯзи панҷшанбе дастрасӣ ба сайти Озодиро масдуд кардаанд.
Рӯзи ҷумъа созмони Хабарнигорони бидуни марз низ ин тасмими мақомоти Тоҷикистонро маҳкум кард.