Қироншоҳ Шарифзода раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд

Қироншоҳ Шарифзода

Журналисти саршиноси тоҷик Қироншоҳи Шарифзода раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд. Оқои Шарифзода дар ин мақом, ҷойгузини Зиннатуллоҳи Исмоил шуд. Котиботи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 30-юми ноябр ба "Озодӣ" гуфт, ки пас аз ҷаласаи ҳисоботи солона, масъалаи интихоби раиси ҷадиди Шӯро дар миён гузошта шуд. Дар миёни номзадҳое, ки аз тарафи намояндагони васоити ахбор дар ин ҷаласа пешниҳод шуд, Қироншоҳ Шарифзода, устоди Факултаи журналистикаи Донишгоҳ миллӣ ба ҳайси раиси Шӯрои ВАО интихоб гардид. Аз тарафи рӯзноманигорон ва сардабирони ҳафтаномаҳо ва созмонҳои журналистӣ ҳамчунин номзадии профессор Иброҳим Усмонов, Мусо Асозода, Нуриддин Қаршибоев ва Аъзамхон Акбаров пешниҳод шуда буд, аммо онҳо номзадии худро пас гирифтанд. Шӯрои ВАО аз сӯи як қатор созмонҳои журналистӣ, аз ҷумла, ИЖТ, АМРМТ, устодони донишгоҳҳо ва хабарнигорони мустақили Тоҷикистон дар соли 2009-ум баъди пазируфтани Кодекси ахлоқи журналист таъсис шуда буд. Дар кори таъсиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, САҲА ва коршиносони Академияи расонаҳои «Дойче велле», ки дар таҳияи Кодекси жуналист саҳм доштанд, мусоидат намуда буданд.