Сенати ИМА хостори хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон шуд

Сенати ИМА барои тезонидани хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон раъй дод. Хабаргузории Associated Press навиштааст, натоиҷи раъйдиҳӣ, ки иҷрои он ҳатмӣ нест, баёнгари талоши сиёсатмадорони амрикоӣ барои хотима бахшидан ба тулонитарин дар таърихи ИМА маъракаи низомист.

Дар нишасти Сенат гуфта шуд, ки дар давраи амалиёти низомии нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон шабакаи “Ал-Қоида” нуфузи худро дар дигар кишварҳо густариш дод. Аз ин рӯ, ба гуфтаи сенаторҳо, ҳузури 66 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ дар Афғонистон зарур нест.

Леон Панетта, вазири дифои ИМА, рӯзи панҷшанбе дар Пентагон ба хабарнигорон гуфт, ки баъд аз хурӯҷи ҷузву томҳои ҷангӣ дар охири соли 2014 ҳам Амрико бояд ҳузури низомии худро дар Афғонистон ҳифз кунад ва ба тамрини сарбозони афғон машғул шавад. Ва аммо вазир дар бораи он ки чӣ теъдод низомиён ва то кай дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, чизе нагуфтааст.