Бар асари таркиши минаи рӯи раҳ дар вилояти Урузгони Афғонистон даҳ сокини осоишта, аз ҷумла, занону кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса ҳашт нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Абдулло Ҳимат, намояндаи ҳукумати вилоят ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таркиши мошин бо мусофирон дар волусволии Деҳравот ба вуқӯъ пайваст. Ӯ афзуд, ки ин одамон барои табрики яке аз пайвандони аз Ҳаҷ баргаштаашон мерафтанд.
Раиси волусволии Деҳравот гуфт, ки маҷрӯҳон фавран ба бемористон интиқол ёфтанд.
Масъулияти ҳамларо гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст ва аммо мақомоти маҳаллӣ дар он мусаллаҳони “Толибон”-ро муқассир мехонанд.