Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон имрӯз дар Тошканд бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ва вазири хориҷа Абдулазиз Комилов мулоқот кард. Шоми имрӯз хонум Эштон бо фаъолони маҳаллӣ вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварро низ баҳс кардааст. Узбакистон нуқтаи дувуми силсиласафари хонум Эштон ба Осиёи Марказист. Ӯ дирӯз дар Бишкек бо вазирони ва муовинони вазирони хориҷаи 5 кишвари минтақа масоили амният ва энержиро баррасӣ кард. Таъсири хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон дар соли 2014 як мавзӯъи дигари музокироти Эштон будааст. Эштон фардо аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард.