Д.Шарифов: «Даъвати мо ба шӯъбаи амният муаммост»

Маъмурони амниятии Қумсангир Далер Шарифов, раҳбари созмони «Қадам ба қадам» ва ҳамроҳаш Раҷабалӣ Қаландаровро пас аз ҳудуди 2 соат, дар шаби панҷшанбеи 22 ноябр ҷавоб доданд.
Аммо бо ин вуҷуд барои Далер рӯшан нашудааст, ки ҳадафи давъати онҳо ба идораи амнияти ноҳияи Қусмангир чӣ будааст? Радиои Озодӣ нахуст дар сӯҳбате аз Далер ин суолро кард, ки ҳодисаи ба шӯъбаи амнияти ноҳияи Қумсангир афтодани худ ва рафиқашро шарҳ диҳад.

Далер Шарифов: Сафари мо ба ноҳияи Қумсангир ширкат дар маросими ҷанозаи Домулло Муҳаммадӣ буд. Мо барои ин кор аз писари домулло иҷозат пурсидем. Ҳангоми наворгирӣ маъмурони амният аз мо пурсиданд, ки ин наворро барои чӣ мебардоред? Мо дар ҷавоб гуфтем, ки барои худамон. Аммо як нафар аз маъмурони амният ҳамеша дунболи наворбардор буд ва шом бо тамом шудани маросими ҷаноза моро ба идора даъват карданд. Аммо дар аввал мо монеъ шудем. Вале чун исрор карданд, ман пешниҳод кардам, то наворбардор Раҷабалӣ Қаландаровро ҷавоб диҳанд, аммо онҳо гуфтанд, ки вай ҳам бояд ба идора биояд. Онҳо гуфтанд, ки мо бояд наворе, ки бардоштед, бубинем.

РО: Маъмурони амниятӣ чанд нафар буданд?

Далер Шарифов: Онҳо чаҳор нафар буданд ва дар мошин моро шинонданд ва ба идораи амнияти ноҳияи Қумсангир рафтем.

РО: Дар бинои идораи амният чӣ сӯҳбатҳо миёни маъмурони амниятӣ ва шумоён сурат гирифт?

Далер Шарифов: Нахуст ному фамилия, соли таваллуди моро, дар куҷо зиндагӣ карданӣ моро пурсиданд, Мо ҳам гуфтем, ки дар шаҳри Ваҳдат ба сар мебарем. Суол доданд, ки барои чӣ омадед? Гуфтем, ки ба хотири ширкат дар маросими ҷанозаи домулло ва наворбардоштани ин маросим. Умуман аз хонавода, таҳсилам дар донишгоҳ ва кору борам пурсиданд. Вақте, ки ба баёнот гирифтани онҳо эътироз кардем ва гуфтем, ки «мо гуноҳе накардем ва шумо набояд чунин рафтор кунед», онҳо ин корро қатъ карданд ва миёни мо сӯҳбат сурат гирифт. Аммо дар ин миён тариқи телефон шояд бо роҳбарашон гуфтугӯ мекарданд, ки ин ҷавононро (моро) ба шӯъба овардем, чӣ кор кунем?. Гузориш медоданд.

РО: Дар шӯъбаи амнияти Қумсангир чӣ қадар мондед?

Далер Шарифов: Тахминан 1 соату 40 дақиқа бештар. Чун соати 18 ву 55 дақиқа рафтем ва соати 20 -у 38 -40 дақиқа моро ҷавоб доданд.

РО: Чӣ боис шуд, ки дар ниҳоят шуморо ҷавоб доданд?

Далер Шарифов: Ба маъмурони амният занг заданд ва гуфтанд, ки хабари даъвати ин ҷавонон дар Интернет пахш шудааст ва ҳамин сабаб шуд, ки моро ҷавоб доданд. Онҳо гуфтанд, ки мо аввал гумон кардем, ки шумо хабарнигорони ТВ Сафина ҳастед ва барои мо дурӯғ гуфтед. Ҳол он ки мо худамонро кормандони ТВ Сафина нагуфта будем ва баръакс гуфта будем, ки мо ин наворро барои худамон сабт мекунем. Баъдан наворро аз мо гирифтанд ва гуфтанд, ки дар шӯъбаи вилоятии амният онро мо мебинем ва баъдан барои шумо пас мегардонем. Барои мо норавшан аст, ки дар ин маросим ба ғайр аз мо 3-4 камера буд ва ҳадди аққал 600-700 нафар тавассути телефонҳои муосир наворгирӣ мекарданд. Қариб 20 ҳазор нафар ҷанозагар, 2, 5 — 3 ҳазор мошин буд. Аммо ҳеҷ каси дигарро не, фақат ману рафиқамро аз аввали маросим то охир назорат карданд ва ба бинои амният оварданд.

РО: Шеваи бархӯрди маъмурони амният бо шумо чӣ гуна буд?

Далер Шарифов: Албатта дар аввал мо ҳамдигарро нафаҳмидем ва ба ҳамдигар баланд -баланд ҳарф мезадем. Чун мо аз субҳ ба ноҳияи Қумсангир рафта будем, хаставу гурусна будем ва ҳатто асабӣ ҳам шуда будем. Онҳо ҳам ки ба гуфтаи худашон фармон иҷро мекарданд, дар ҳолати корӣ буданд, шаб шуда буд, чунин бархӯрд карданд. Аммо баъдтар сӯҳбатҳо ором сурат гирифт. Чун мо ба қонунҳои амалкунанда такя кардем ва этикаи журналистиро низ риоят кардем ва ҳамин тавр онҳо низ шеваи бархӯрдро дигар карданд.

РО: Хуб аз назари худи шумо ин иқдом чӣ ангеза дошт?

Далер Шарифов: Аммо онҳо гуфтанд, ки шумо моро дуруст бифаҳмед, мо як шӯъбае ҳастем, ки фақат фармонро иҷро мекунем ва бо фармон кор мекунем. Ҳарчанд барои мо рӯшан накарданд, вале ба қавле аз куҷое фармон гирифта буданд, ки моро назорат кунанд ва маврид пурсуҷӯ қарор диҳанд.

РО: Дар ниҳоят онҳо шуморо чи гуна ҷавоб доданд ва гусел карданд?

Далер Шарифов: Албатта ҳангоме, ки сардорашон омад, сӯҳбат кардем моро ҷавоб доданд. Мо низ чун пуламон кам буд, хоҳиш кардем, ки то маркази шаҳри Қӯрғонтеппа моро биоранд. Аммо онҳо то маркази ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ оварданд ва ба маъмурони БДА дастур доданд, моро ба мошине шинонанд ва гусел кунанд. Аммо мо инро лоиқ надонистем ва худамон таксӣ кироя карда то Қӯрғонтеппа ва баъдан ба Душанбе баргаштем. Аммо маъмурони амниятӣ бо он, ки моро ҳудуди 2 соат дар шӯъба нигоҳ доштанд ва мушаххас нашуд, ки ба чӣ ҳадафе моро даъват карданд, бо ин ҳам узр напурсиданд ва мисле, ки чизе нашуда бошад, моро раҳо карданд. Даъват ба шӯъбаи амнияти Қумсангир ва пурсуҷӯҳои онҳо, муаммоеро монд. На танҳо барои мо рӯшан карданд, ки чаро чунин бархӯрде бо мо карданд, на барои мо рӯшан шуд, ки барои чӣ ин ҳодиса рух дод.