Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори "Сафина": Ҳамла ғофилгирона ва тунд буд


Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик ва масъули созмони ҳанӯз сабти номнашудаи "Қадам ба қадам".
Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик ва масъули созмони ҳанӯз сабти номнашудаи "Қадам ба қадам".

Наздикони Далер Шарифов, хабарнигори телевизиони "Сафина", мегӯянд, мақомот яке аз ҳамлавронро боздошт кардаанд.

Далер Шарифов, хабарнигори шабакаи "Сафина" ва аз масъулони созмони сабтиномнашудаи "Қадам ба қадам" шоми 7-уми май дар наздикии бинои сафорати Русия, дар маҳаллаи 82-юми Душанбе, аз тарафи афроди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Ӯ, дар ҳоли ҳозир дар бемористони Қарияи болои пойтахт таҳти табобати пизишкон қарор дорад, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳамла ба ҳадде ғофилгирона ва тунд ба вуқӯъ пайваст, ки ӯ натавонистааст мутаваҷҷеҳи сурати ҳамлаварон бишавад. "Вақте ба ҳуш омадам, дидам, ки дар рӯи кати беморхона ҳастам",-афзуд Шарифов.

Вай илова кард, "аз қафои сар зарба заданд. Баъд зери шатта гирифтанд. Ним соат бештар моро онҷо моломол карданд. Баъд бо як таксӣ маро ба беморхона овардаанд." Ба гуфтаи Далер Шарифов ҳуҷуми ногаҳонӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ ва рафиқаш Далер Муҳтоҷов соатҳои даҳуними шаби 7-уми май барои харид ба самти дӯкони шафати роҳ ҳаракат мекарданд. Ҷаноби Шарифов гуфт, кормандони умури дохилӣ як ҳамлаварро боздошт кардаанд, ки чеҳраи ӯ ба Далер Муҳтоҷев ҳамроҳи Далер Шарифов ошно будааст.

Далер Муҳтоҷов ҳамроҳи Далер Шарифов дар сӯҳбати телефонӣ таъйид кард, ки боздоштшуда ба яке аз ҳамлаварон шабоҳат дорад. Ӯ гуфт, ҳарчанд ҳодиса дар торикӣ рух дода буд, вале ӯ ин нафарро шинохтааст: "Рафта дидам, гуфтанд, ки ӯ ҳамин аст? Гуфтам, ки сад дарсад наметавонам бигӯям, ки ҳамин нафар ӯ ҳаст. Лекин ин нафар ба ӯ бисёр монанд аст. Шаклу қиёфаву қадду басташ монанд. Лекин гӯӣ, ки маҳз ҳамин ӯ аст, дар торикӣ шинохта намешуд. Баъд маро ҷавоб доданд."

Аммо Нуралӣ Пиров, муовини сардори шӯъбаи умури дохилии шаҳри Душанбе гуфт, шаби гузашта ҳодисаи латукӯби шаҳрвандон дар пойтахт сабт нашудааст ва касеро бо чунин ҷурм боздошт накардаанд: "Ман ҳоло кормандонро дар мавриди ҳодисаи латукӯби шабона мепурсам, касе чизе намегӯяд. Дар басти шабона чунин ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст. Мо дар он ҳолат ба қайд мегирем, ки ба мо хабар дода бошанд ва ё беморхона моро дар ҷараён гузорад."

Аммо Далер Шарифов иртиботи ҳодисаи ҳамла ва ташкили созмони "Қадам ба қадам"-ро, ки худ яке аз муассисонаш аст, такзиб ва ё таъйид накард. Вай гуфт, дар ҳақиқат баъд аз эъломи таъсиси ин созмони иҷтимоӣ, ки бо мақсади аз байн бурдани маҳалгароӣ дар миёни ҷавонон ташкил шудааст, гирди номи ӯ ҳар гуна овозаҳо пароканда шуданд ва дар телефони ҳамроҳ ва имейли худ аз афроди ношинос паёмҳои таҳдидомез дарёфт карда буд. Вай гуфт, шомили кадом ҳизби сиёсӣ нест, вале замони донишҷӯӣ ду сол дар манзили Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар шаҳри Душанбе баъди марги ӯ зиндагӣ кардааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода. Моҳи феврали соли 2011
Ҳикматулло Сайфуллозода. Моҳи феврали соли 2011
Далер Шарифов ҷанбаи хусусӣ доштанӣ ҳодисаи ҳамла ба худро низ истисно накард. Ӯ гуфт, дар ҳар сурат бисёр мехоҳад мақомот омилони ин ҳамларо ошкор созанд. Далер Шарифов хабарнигори телевизиони "Сафина" бо ток-шоуи "Муошират" ва ҳамчунин барномаи "Қатрае аз баҳр" дар байни тамошобинон маъруф аст. Дар айни замон ӯ донишҷӯи соли панҷуми бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Бори аввал нест, ки рӯзноманигорон дар Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор мегиранд. Соли гузашта Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, муҳаррири "Наҷот", нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз тарафи афроди ношинос мавриди зарбу лат қарор гирифт. Омилини ин ҳамла то ҳол ошкор нашудаанд.
XS
SM
MD
LG