Раёсати адлияи вилояти Суғд хостори қатъи фаъолияти созмони ғайридавлатии Маркази «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» шудааст.
Марказ ба он айбдор мешавад, ки чанд банди қонуни созмонҳои ҷамъиятиро поймол кардааст. Талоши Раёсати адлияи вилояти Суғд ба қатъи кори Маркази «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар ҳоле сурат мегирад, ки чанде пеш ин ниҳод тавонист, дар баҳси додгоҳӣ ба фаъолияти созмони ҳуқуқшиносони ҷавон, «Ампаро» хотима бахшад.
Моҳинисо Ҳорисова, роҳбари Маркази «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ иқдоми Раёсати адлияи вилояти Суғдро ғайриинтизор хонд ва гуфт, "шунидам, ки 29-уми июл Раёсати адлия созмони моро ба суд додааст. Лекин аз ин пеш, ягон маротиба моро огоҳ накарда буд."
Ҳорисова мегӯяд, Раёсати адлияи Суғд созмони онҳоро барои саривақт огоҳ накардан дар мавриди нишонӣ ё суроғаи нави марказ айбдор медонад. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки аз сабаби гарон будани маблағи иҷора, онҳо дар як сол чанд маротиба суроғаи марказро тағйир медиҳанд ва дар гузоришашон ба раёсати адлия, ки дар як сол як маротиба месупоранд, суроғаи навро зикр менамоянд.
Дар баробари ин, масъулони созмони иҷтимоии «ГИВ Аксент», ҳам аз он шикоят мекунанд, ки намояндагони Раёсати адлияи вилояти Суғд бо баҳонаи санҷиши нақшавӣ, худсарона фаъолияти онҳоро мавриди тафтиш қарор дода, дар кори онҳо низ гӯё камбудиҳоеро ошкор намудаанд.
Роҳбари созмони «ГИВ Аксент», Екатерина Шагаева, аз қавли масъулини Раёсати адлия мегӯяд, «бояд ҳар як ходими ташкилот нақшаи солонаи фаъолият дошта бошад." Аммо ба гуфтаи Шагаева нақшаи фаъолияти созмонҳо вобаста ба лоиҳа тартиб дода мешавад: "Созмони мо ҳамчунин барои гузаронидани курсҳои омӯзишӣ, аз ҷумла курсҳои компутерӣ ва забонҳои русиву англисӣ иҷозатнома дорад. Раёсати адлия иддао дорад, ки мо дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият намекунем, чунки дар баробари иҷозатнома, ҳамчунин низомнома низ бояд тартиб медодем. Масъулини адлия мегӯянд, ки бояд мо якто ба якто номбар кунем, ки ин чигуна курсҳо мегзаронем. Намедонам, ки минбаъд чӣ мешавад."
Созмони иҷтимоии «ГИВ Аксент», як иттиҳодияи ҷавонон аст, ки бо журналистони аксбардор ҳамкорӣ мекунад. Аз соли 2002 гурӯҳи мазкур барои баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандии ҷавонон низ барномаҳоеро пеш бурдааст.
Масъулони созмонҳои иҷтимоӣ амалкарди ниҳодҳои давлатиро дар шимоли Тоҷикистон "фишор" унвон дорои ангезаи сиёсӣ медонанд. Моҳинисо Ҳорисова, роҳбари Маркази «Ҷомеаи шаҳрвандӣ», сабаби ба додгоҳ кашидани шудани созмонашро чунин арзёбӣ кард: «Ман фикр мекунам, ки мо дар арафаи интихоботем ва ҳамин шояд, ки барои манъ кардани кори марказ баҳона шудаст. Ҳамчунин маркази мо ягона ташкилот дар миқёси ҷумҳурӣ аст, ки
евосита бо ҳизбҳои сиёсӣ сарукор дорад ва муассисонаш ҳам роҳбарони ҳизбҳои сиёсианд.»
Рисолати Маркази «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» мусоидат ба рушди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон ва таъмини иштироки фаъолонаи мардум дар маъракаҳои интихоботӣ арзёбӣ мешавад. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро Раёсати адлияи вилояти Суғд дар ин авохир зидди созмонҳои ғайридавлатӣ ба истилоҳ «ҷанг» эълон кардааст? Масъулини Раёсати адлияи вилоят аз додани посух ба ин суол худдорӣ карданд.
Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд созмонҳои ҷамъиятӣ аксаран аз сабаби надонистани ҳуқуқҳои худ ба чунин вазъ дучор мешаванд: «Ба ақидаи ман, инҷо ягон ангезаи сиёсӣ нест. Агар ҳамин ташкилоти «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» бо навиштани як мактуб, ки агар шумо фикр кунед, ки дигар кардани суроғаи мо, хатогии оинномавӣ бошад, мо ҳаминро ислоҳ мекунем. Дар ин сурат, мақомоти адлия нисбат ба ин ташкилот ягон кор карда наметавонист.»
Соҳибназарон бо таваҷҷӯҳ ба мавридҳои фишор сари созмонҳои иҷтимоӣ дар ин авохир бар ин боваранд, ки ниҳодҳои давлатӣ мехоҳанд, то аз фаъолиятҳои озоди ин муассисаҳо пешгирӣ кунанд. Ба таъкиди коршиносон, созмонҳои ҷамъиятӣ бо иҷрои тарҳҳое, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва огоҳии мардумро боло мебаранд ва ба ин васила шаҳрвандон аз гузашта бештар ҳақталош ва аз лиҳози сиёсӣ фаъол мегарданд, ки ин мақбули мақомот нест.