Фирӯз Ҳамроев, ки то ин дам муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон буд, раҳбари ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" таъйин гардидааст.
Музаффар Исҳоқов, раҳбари ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр", бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш барканор гардида, ҷои худро ба Фирӯз Ҳамроев, муовини вазири нақлиёт, вогузоштааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон сабаби аз ин мақом барканор шудани Исҳоқовро барои "ба кори дигар гузаштани ӯ" рабт медиҳад.
Аммо бархе аз нозирони умур мегӯянд, шояд таъхирҳои пайваста ва норозигии мусофирону иддае аз кормандон ва халабонҳои худи "Тоҷик Эйр" сабаб шуда бошад, ки Музаффар Исҳоқов аз мақомаш барканор гардад. Ӯ моҳи январи соли 2011 мудири кулли ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" таъйин шуда буд. Пеш аз ин, Исҳоқов ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон буд ва як муддат раёсати ширкати хусусии "Сомон Эйр"-ро низ бар ӯҳда дошт.
Дар давраи кӯтоҳи раҳбарии Музаффар Исҳоқов баҳсҳои зиёде атрофи ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" мечархиданд. Ҳатто моҳи феврали соли ҷорӣ 50 корманду халабони ин ширкат аз бархӯрди номуносиби Исҳоқов норозигӣ карда, нобоварии худро нисбат ба ӯ баён дошта буданд. Бино бар пайнавишт ё протоколи ҷаласае, ки ин афрод баргузор карданд, гуфта мешавад, ки мудири кулли "Тоҷик Эйр" ба хотири фоидаи барзиёд аз ҳавопаймоҳои фарсуда истифода карда, ба фиреби мусофирон ва кори "миёншикан"-и халабонҳо роҳ медиҳад ва барои парвозҳои мустақим истгоҳҳои миёнаӣ муқаррар кардааст.
Дар оғози ба ин мақом таъйин шудани Исқоҳов, чанде аз кормандони ширкат аз кор ихроҷ шуда буданд, ки танҳо бо қарори додгоҳ дубора дар вазифаҳои худ барқарор шуданд.
Ҳамзамон бо фармони президенти Тоҷикистон, Саидов Асомуддин Асадуллоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон озод шуда, ба ҷояш Раҳимов Олим Собирович таъйин гардид. Олим Раҳимов то ҳол сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд. Инчунин , Идиев Ҳусайн Сафаралиевич директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед