Дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон камтар касе пайдо мешавад, ки зиндагии рӯзмарраро бидуни ришва тасаввур кунад.
Додани ришва аз таваллудхона ё аз таваллуди кӯдак то поёни зиндагӣ дар шаклҳои гуногун мушоҳида мешавад. Ин падидаи номатлуб дар ҷомеа ба одат ё тақрибан ба муқаррароти зист табдил шудааст, ки ҷомеашиносон мубориза бо онро амри зарурӣ медонанд.
Собир, яке аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯяд, вай намунаҳои зиёде дорад, ки худаш маҷбур ришва додааст ва шоҳиди ришвадиҳӣ низ шудааст. Вай ба ёд меорад, ки боре баъд аз парвоз дар гумруки фурудгоҳи Душанбе шоҳид буд, ки чӣ тавр баъзе мусофирони омада дар миёни кормандони гумрук “одами худӣ”-ро меҷустанд, то кори худро “буд” кунанд. Ин “одамони худӣ” ҳуҷҷатҳои онҳоро дар ивази маблағе ба назди нозирони гумрук мегузоштанд.
“Ходимони гумрук, ононе, ки сари компютер менишастаанд, ҳуҷҷатҳои нафари порадода ё ришвадодаро бенавбат мегузаронданд. Маро ҳам даъват карданд ва гуфтанд, ки мехоҳӣ бенавбат гузарӣ, ман гуфтам, ки не, ҳоло бағоҷи ман наомадааст, гузашта чӣ кор мекунам”.
Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ононе, ки бо ришва ё кӯмаки “шинос”-е гузашта буданд, дар рафторашон як навъ ифтихор эҳсос мешуд ва худро дар ҳузури дигарон “моҳиру чолок ва кордон” мепиндоштанд. Аммо дар асл онҳо бор ё чизе хилофи қонун надоштанд. Мусоҳиби мо мегӯяд, ба пиндори вай, ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҳамсафаронаш ба талаботи қонун ҷавобгӯ буданд ва метавонистанд бидуни додани ришва ҳам аз гумрук бигзаранд.
Ба ақидаи коршиносон, додани ришва дар Тоҷикистонро наметавон ба сатҳи фарҳанги порадиҳӣ боло бурд, падидае, ки акнун дар ҷомеа мушоҳида мешавад, балки он тақрибан ба муқаррарот ё рафтори маъмулӣ табдил ёфтааст. Аз таваллуди кӯдак дар таваллудхона ва додани фарзанд ба кӯдкистону мактаб ва ё рафтан ба назди табиб ришва на танҳо дар шакли пули нақд, балки дар шаклҳои тӯҳфаву инъом низ дида мешавад. Кӯдакон инро аз хурдсолӣ дар рафтори волидайни худ мебинанд ва ё дар хона шоҳиди сӯҳбатҳое дар ин бора мешаванд. Ба ин сабаб шояд онҳо баъдтар дар зиндагии худ ин корро муқаррароти маъмулии зист қабул мекунанд.
Алиакбар Абдуллоев, раиси “Маркази тарғиб ва ташаккули зидди фасод” мегӯяд, дар тафаккури мардум ин кор маъво гирифтааст: “Сатҳи тафаккури мардуми мо ин аст, ки дар ҳақиқат ҳар кори рӯзмаррае, ки мебарояд, ҳатман бояд аз дигарон пештар бо роҳи пора додан, пул додан иҷро кунанд. Фарз кардем, ки назди духтур меравад ё дар роҳ корманди ГАИ вайро нигоҳ медорад. Пеш аз он, ки ҳуҷҷаташро нишон диҳад, ё пурсад, ки барои чӣ вайро нигоҳ доштаанд, аввал пул пешниҳод мекунад”.
Ҳангоми пардохти ҳақи обу барқ ва ё хадамоти дигари коммуналӣ низ баъзе сокинон саъй мекунанд бо пардохти маблағе, мушкили худро ҳал кунанд. Алиакбар Абдуллоев мегӯяд, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, мафкураи чунин порадиҳандагон хеле заиф аст ва ҳуқуқи худро намедонанд. Агар пора надиҳӣ, агар ҳамаи корат дуруст бошад, дар он сурат касе ҳақ надорад аз каси дигар пора ё ришва ситонад.
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистонро ба ду насл ҷудо мекунад ва мегӯяд бархӯрди ин наслҳо ба ришвахорӣ аз ҳам фарқ мекунад: “Ин омилро ба ду насл бояд тақсим кард, насли 25-30 сола ва болотар аз он. Ҷавонони то 25 сола амалан дар муҳити ришваву фасод ба дунё омадаанд. Онҳо ин мушкилро комилан дарк намекунанд ва онро барои худ муҳити маъмулӣ медонанд”.
Додани ришва дар замони шӯравӣ низ вуҷуд дошт ва кишварҳои Шӯравии пешин баъд аз истиқлоли худ ин падидаро аз ҳамон давр мерос гирифтаанд. Алиакбар Абдуллоев-раиси “Маркази тарғиб ва ташаккули зидди фасод” мегӯяд, то расидан ба истиқлол, Тоҷикистон дар ришвахорӣ вазъи бӯҳронӣ надошт. Дар он солҳо ҷумҳуриҳои Қафқоз ва дар Осиёи Марказӣ Узбакистон бо ришвахорӣ ном бароварда буданд.
Додани тӯҳфа дар шакли дастаи гулу қуттии шоколад ё атр як навъ изҳори сипос дониста мешуд, вале эҳдои пинҳонии мошинҳои сабукрав ва додани маблағҳои бузурги ришва низ дар давраи шӯравӣ вуҷуд дошт. Аммо баъд аз истиқлол дастаи гул, атр ё шоколадро дар Тоҷикистон аксар вақт ҳадяи беарзиш медонанд, дар ҳоле, ки дар кишварҳои муттамадин ҳамин ҳадяҳои “берзиш” низ тибқи қонун ҷиноят шинохта мешавад.
Ива, сокини шаҳри Прагаи ҷумҳурии Чех мегӯяд, дар гузаштаҳо вақте, ки низоми коммунистӣ сари кор буд, эҳдои як даста гул, шоколад ва ё атру амсоли он пора дониста намешуд, вале қонунгузориҳои ин кишвар ҳоло такмил шудаанд ва ин кор ҷиноят дониста мешавад: “Ба корхонае ё муассисае бо худ овардани гул ё шоколад ё нӯшокӣ ҳамчун тӯҳфа қобили қабул нест ва дар шароити кунунӣ метавонанд ҳар ду ҷонибро ба ҷавобгарӣ кашонанд”.
Алиакбар Абдуллоев бо назардошти шариати ислом низ додани ришва ва ё гирифтани ришваро барои ҳар ду ҷониб кори “ҳаром” медонад ва мегӯяд, ришвахоронро дар ҷомеа “ҳаромхӯр” мегӯянд ва бо пулу моли ришва тарбия кардани фарзанд низ ҳамин маъноро хоҳад дошт.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед