Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз афзудани теъдоди муҳоҷирони ноболиғи тоҷик дар Русия бонги изтироб мезанад.
Масъулони ин хадамот мегӯянд, тибқи оморҳои расмӣ дар ҳоли ҳозир 50 ҳазор ноболиғи тоҷик дар Русия ба сар мебаранд, ки вазъи саломатии аксари онҳо нигаронкунанда аст. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират, гуфт, бо вуҷуди он, ки қонунгузориҳои Тоҷикистону Русия ҷалби ноболиғонро ба кори вазнин ба хусус дар сохтмонҳо манъ кардааст, аммо мардикории нафароне, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидаанд, ҳамоно мушоҳида мешавад.
Аксарияти ин ноболиғон забони русиро намедонанд ва аз оддитарин ҳуқуқи инсонии худ огаҳ нестанд. Абдулло Қодирӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои Тоҷикистон танзими ин масъаларо зарур гуфт: "Он ноболиғоне ки ҳоло дар Русия қарор доранд, шояд дар гузашта бо падарон ва бародарони худ ба ин кишвар сафар кардаанд, ки мутаассифона шумораи онҳо кам нест. Ва бояд, тадбирҳои судманд оиди ин масъала андешида шаванд.»
Латиф Зокиров, раҳбари боздоштгоҳи ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мегӯяд танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз Русия 37 ноболиғ бозпас оварда шудааст, ки дар миёни онҳо духтарон низ будаанд: «Мутаассифона бархе аз волидайн ба хотири дарёфти маблағ онҳоро аз таҳсил дур мекунанд, онҳоро бо худ барои мардикорӣ ба Русия мебаранд. Аммо аз миёни ин 37 ноболиғ 2 нафараш умуман бе розигии волдайн ва бо ҳамроҳии яке аз рафиқонашон барои кор рафтаанд. Ҳамчунин ҳодисаҳое низ ҳастанд, ки занҳои тоҷик дар Русия фарзанд таваллуд мекунанд ва аз навзодони худ даст мекашанд, ки аз ҷумла 7 чунин навзод низ ба Тоҷикистон баргардонида шудааст.»
Нигаронӣ аз мардикории ноболиғони тоҷик дар Русия дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз ҷалби кӯдакон ба кори вазнин дар Тоҷикистон мубориза мебаранд.
Гулҷаҳон Умарова, сардори шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки идораи Омбудсмени Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтани ноболиғонро хатар ба ҳаёти онҳо медонад, зеро онҳо низ мисли ағлаби дигари муҳоҷирони тоҷик дар ғурбат ба нақзи ҳуқуқ рӯ ба рӯ мешаванд. «Ҳоло барои барқарору риоя ва эҳтирому эътирофи ҳуқуқҳои кӯдаконмаон мо қадамҳои нахустинро гузошта истодаем. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар миён кӯдаконе ҳастанд, ки ба таълим ҷалб нашудаанд. Барои хулоса баровардан дар мавриди гунаҳгорони чунин ҳодисаҳо мо дар ҳоли ҷамъ кардани маълумот ҳастем.»- афзуд хонум Умарова
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, шумораи ноболиғони тоҷик дар Русияро бар асоси омори сафари шаҳрвандони тоҷик аз тариқи фурудгоҳи Душанбе, гузаргоҳҳои марзӣ ва роҳи оҳан ҳисоб кардаанд. Ҷовид Ҷӯраев, коршиноси тоҷик бар ин аст, ки ба эҳтимоли зиёд шумораи ноболиғони тоҷик дар Русия бештар аз 50 ҳазор нафар аст: «Зеро дар Тоҷикистон низоми сабти муҳоҷират ба дараҷаи кофӣ такмил наёфтааст, ки тамоми омору маълумотро саҳеҳу дуруст ҷамъ оварда тавонад.Аз ин хотир ҳоло хулосабарорӣ дар мавриди ин кӯдакон мушкил аст.»
Бо ин ҳама аз нигоҳи Ҷовид Ҷураев, ҷилавгирӣ аз ҷараёни сафар ва кори ноболиғони тоҷик дар Русия мушкил хоҳад буд. Ба бовари коршиносон, як омили аслии рӯ ба мардикорӣ овардани атфоли тоҷик эҳтиёҷи рӯзгори хонаводаҳои онҳост ва то замоне ки ин эҳтиёҷ боқист, гумон аст, ки мақомоти Тоҷикистон пеши роҳи ин муҳоҷирати нохушояндро гирифта тавонанд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!