Як назарпурсӣ муайян кардааст, ки муҳимтарин арзиш барои ҷавонони тоҷик оила ва пас аз он ҷои кор аст.
Профессор Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва муаллифи ин пажӯҳиш мегӯяд, он дар миёни ҷавонони синни 18-23-сола, асосан донишҷӯён гузаронида шудаст. Ба қавли ӯ, ин назарсанҷӣ маълум карда, ки донишҷӯёни курсҳои болоӣ оиларо муҳимтарин арзиш барои худ медонанд.
"Пас аз оила аксарияти ҷавонон доштани касби дӯстдошта ва ё ҷои кори мувофиқро дувумин арзиши муҳими худ мепиндоранд. Дар ҷои сеюм пайдо кардани ҷойгоҳи худ дар зиндагӣ меистад. Вале донишҷӯёни курсҳои аввал изҳори муҳаббат ва ё ёфтани ҷуфти муносиби хешро низ аз арзишҳои муҳим барои худ хондаанд",-мегӯяд ҷаноби Шоев.
Профессор Шоев илвоа кард, мафҳумҳое мисли тартибу интизом дар зеҳни ҷавонони тоҷик вобаста ба синну сол дар ҷои 7-ум ва 9-ум ҷой гирифтаанд. Эҳсоси ватандустӣ дар ин “сабқат”-и арзишҳо ҳамагӣ дар ҷои 14-ум қарор доштааст. Ба гуфтаи Шоев, оила муҳимтарин ниҳоди ҷомеаи Тоҷикистон боқӣ мемонад ва дар тарбияи насли нав нақши он хеле бузург аст.
Ҷомеашинос Қаҳрамон Бақозода мегӯяд, дар раддаҳои аввал қарор гирифтани мафҳуми касби дӯстдошта ва пайдо кардани ҷои худ дар зиндагӣ барои ҷавонони синну соли донишҷӯӣ як амри табиист: "Аммо дар ҷои аввал қарор гирифтани оила барои донишҷӯёни зинаи аввал чандон хос нест. Шояд дар ин ҷо бештар духтарҳо ҳини пурсиш оиларо дар ҷои аввал қарор додаанд. Вале натиҷаҳои ин рейтингро набояд бо кишварҳои Ғарб ва ҳамчунин Русия муқоиса кард. Чунки ин кишварҳо дар зинаи тамоман дигари тараққиёт қарор доранд. Масалан, дар ин кишварҳо ҷавонон ба масъалаи оила пас аз 30 -35 солагӣ диққат зоҳир мекунанд. Ҳатто дар Эрон низ чунин аст."
Дар ҳамин ҳол, равоншинос Маҳмуд Кабирӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, натиҷаи ин пажуҳиш аз таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба мафкураи ҷавонони тоҷик ҳам гувоҳӣ медиҳад: "Чунки ҷавонон ҳоло дар зинаи эҳсос қарор доранд. Онҳо ҳама ҳаводиси атрофро бештар бо эҳсос қабул мекунанд, на бо ақл. Мо бояд кӯшиш кунем, ки онҳо аз зинаи эҳсос ба ақл гузаранд, вагарна онҳо дар зиндагӣ дучори мушкил хоҳанд шуд. Вақте онҳо ба зинаи ақл расида дар ҷамъият каме зиндагӣ мекунанд, худашон ватандӯст хоҳанд шуд. Чунки дарк мекунанд, ки ободии ватанашон ин ободии зиндагии онҳо низ ҳаст."
Маҳмуд Кабирӣ афзуд, чунин ақиб мондани эҳсоси ватандӯстӣ дар зеҳни ҷавонони тоҷик баёнгари нокомии барномаҳои сатҳиву рӯякиест, ки давлат дар ин арса амалӣ мекунад. Ба бовари ин равоншинос, ҳисси ватандӯстиро наметавон бо шиорпартоиву шиорзанӣ дар зеҳни қишри ҷавон ҷо кард, балки бояд дар воқеъ барои онҳо Ватане сохт, ки мояи ифтихор шуда тавонад. Дар он сурат, ҳисси ватандӯстӣ дар чунин сабқати арзишҳо метавонад довталаби мақомҳои хеле баландтар шавад.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!