Ӯ ҳини ифтитоҳи конфронси байналмиллаии «Модели тайёр кардани мутахассисони замони нави омодашуда ба рушди инноватсионии соҳаҳо», 2-юми октябр гуфт, ин донишгоҳ бо Донишгоҳи давлатии Томски Русия барои омода кардани 10 мутахассиси «Мониторинги кайҳон» шартнома бастаанд ва дар оянда бо мусоидати ин муасисаи таълимӣ аввалин кайҳонаварди тоҷик тайёр хоҳанд кард.
Зимни маърӯзаи хеш дар ин конфронс, Нуралӣ Шоев муҳимтарин мушкили парвариши муҳандисони варзида ва технологҳоро баҳри рушди инноватсионии Тоҷикистон, худшинос ва ватандӯст набудани ҷавонон унвон кард ва гуфт: «Мо миёни донишҷӯёни курсҳои ду ва се як назарсанҷӣ анҷом додем. Ин пажӯҳиш муайян кард, ки дар раддабандии арзишҳои ҷавонон, дӯст доштани ватан дар ҷои 14 -ум қарор дорад.»
Шоев афзуд, ки агарчи давлат, шахсони алоҳида ва волидон барои тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ ва замонавӣ чанде сармоягузорӣ мекунанд, вале дар ҳолати тарки кишвар кардани ин мутахассисон, сармоягузории онҳо барҳадар хоҳад рафт. Ба гуфтаи Шоев, ба тарбия ватандӯстӣ, худшиносӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллӣ, дар донишгоҳҳои Чин ва дигар кишварҳои мутараққии Осиё аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Бинобар ҳамин ӯ афзуд, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳафт қоидаи муҳимтарини донишҷӯро таҳия кардаанд: «Аввалан донишҷӯ бояд хоксор бошад ва бо ҳамсабақону устодонаш нарм сухан гӯяд. Дар давоми ҳар семестр як лоиҳаи инноватсионӣ таҳия карда онро муаррифӣ кунад. Дониши компютерии чуқур дошта бошад ва мактуби расмии иборат аз 100 калимаро бехато навишта тавонад. Ақалан як забони хориҷиро донад, дар як дақиқа 150 ҳарф ҳуруфчинӣ карда тавонад. Инчунин аз ӯҳдаи навиштани безнес-план барояд ва шоҳмотбозӣ карда тавонад».
Шоев иброз дошт, ки шоҳмот барои рушди зеҳнии донишҷӯён зарур аст ва донишҷӯе, ки шоҳмотбозӣ карда натавонад, муҷозот мешавад.
Дар идомаи ин конфронс профессор Зафар Усмонов дастоварди охири олимону донишҷӯёни ин донишгоҳ-барномаи мусаҳҳеҳи электронии забони тоҷикӣ Tajspell -ро муаррифӣ кард. Профессор Усмонов афзуд, ки пас аз талошҳои пайвастаи онҳо ширкати маъруфи Microsoft ин барномаи навиштаи онҳоро эътироф карда ба бастаи барномаҳояш ворид намуд:
«Барои густариши ин барномаи мусаҳҳеҳи забони тоҷикӣ давлат бояд онро пуштибонӣ кунад. Чунки ин барнома ройгон паҳн карда мешавад. Албатта то ин дам ин барнома бо талоши интузиастҳо омода шуд, вале барои корбурди густурдаи он сармоягузории давлат зарур аст».
Конфронси «Модели тайёр кардани мутахассисони замони нави омодашуда ба рушди инноватсионии соҳаҳо» бахшида ба «20-умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон бо иштироки донишмандони Русия ва Украина то фардо идома хоҳад кард.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!