Бо ифтитоҳи нақби "Шаҳристон" роҳкирои Душанбе-Хуҷанд ҳудуди 20 фоиз арзон шуда, ҳоло тақрибан 100 сомониро ташкил медиҳад.
Ронандагони хатсайри Душанбе-Хуҷанд мегӯянд, пас аз фаъол шудани нақби "Шаҳристон" нархи роҳкироро то ҳадди тавонашон кам кардаанд. Ба қавли онҳо, агар то замони ифтитоҳи нақб нархи роҳкиро аз 110 то 150 сомониро ташкил медод, ҳоло ба сад сомонӣ ва аз ин ҳам поён фаромадааст.
Саидмуҳаммад, як ронандаи хатсайри Душанбе-Хуҷанд, мегӯяд, қаблан аз ағбаи Шаҳристон дар зарфи якуним соат мегузашт, ҳоло барои убури ин роҳ ҳамагӣ 15 дақиқааш сарф мешавад. Ӯ мегӯяд, кӯтоҳ шудани роҳ яке аз омилҳои паст шудани нархи роҳкирост: "Пештар, то боз шудани туннел, 150 сомонӣ буд. Ҳоло ба 100 сомонӣ фаромадааст."
Мусофироне, ки аз нақби нави "Шаҳристон" гузаштаанд, низ ин гуфтаҳои ронандаро тасдиқ мекунанд. Толибшо Зуҳуров дар ноҳияи Конибодом кор мекунад ва зуд-зуд ба Душанбе меояд. Вай дар сӯҳбат бо гуфт, "бале, ҳаққи роҳ 20-30 сомонӣ арзонтар шудааст." Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, агар нақби "Шаҳристон" боз намешуд, бо фарорасии фасли сармо ва роҳбандиҳо нархи таксиҳо ду баробар меафзуд. Акнун, ба бовари ӯ, ронандагони таксӣ барои боло бурдани нархи роҳкиро баҳона надоранд.
Аммо аксари ҳамсӯҳбатони мо акнун ин мавзӯъро матраҳ мекунанд, ки коҳиши масофа бояд ба камтар шудани пардохтҳои роҳи пулакӣ, ки онро IRS ҷамъоварӣ мекунад, низ сабаб гардад. Алишер Зарифӣ, хабарнигори тоҷик, бар ин аст, ки Вазорати нақлиёт ва Хадамоти зиддиинҳсорӣ (зиддимонополӣ) бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳ кунанд: "Агар нархи роҳкирои тарозуҳои IRS, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд истодаанд, андаке коҳиш дода шавад, ба суди мардум хоҳад буд."
Аммо ширкати Инновейтив Роуд Солюшнз, ки масъули ҷамъоварии пардохтҳои ягона роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аст, ҳанӯз дар ин масъала, ки бо боз шудани нақби “Шаҳристон” дар нархномаҳои худ чӣ тағйир ворид мекунад, хабаре нашр накардааст.
Нақби "Шаҳристон", баъд аз тақрибан 6 сол, рӯзи 27-уми октябр бо ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони расмии Чин мавриди баҳбардорӣ қарор гирифт. Туннели "Шаҳристон" дар 180-километрии роҳи Душанбе-Чаноқ қарор дошта, сохтмонаш 22-юми августи соли 2006 оғоз шуда буд. Ин нақб, ки 5 километру 253 метр дарозӣ дорад, бо харҷи 430 миллион сомонӣ қарзи давлати Чин бунёд шудааст.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!