Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: "Роҳи байни шимолу ҷануб то 3-4 соат кам шуд"


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар лаҳзаҳои ифтитоҳи нақби "Шаҳристон" гуфт, кишвар аз бунбасти иртибототӣ раҳо хоҳад шуд.

Баъд аз тақрибан 6 сол, рӯзи 27-уми октябр, нақби дарози “Шаҳристон”, ки шимолу маркази Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад, бо ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони расмии Чин мавриди баҳбардорӣ қарор гирифт.

Ҷаноби Раҳмон, ки бо рондани як мошин аз дарвозаи ин нақб дар ноҳияи Айнӣ то ба дарвозаи дигари он дар ноҳияи Шаҳристон роҳ паймуд, ин рӯзро барои тамоми мардуми Тоҷикистон таърихӣ унвон кард. Ӯ гуфт, "имрӯз мо аз як кишвари се порча тақсим як давлати воҳид сохтем. Онҳоро бо якдигар пайвастем. Ман ин рӯзи таърихиро ба мардуми тоҷик табрик мегӯям."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин гуфт, агар мардум солҳои пеш барои расидан аз гӯшаи марказии кишвар то шимол 12 соат ҳаракат мекарданд, ҳоло ин масофаро дар 3-4 соат тай хоҳанд кард. "Худатон қазоват кунед, ки чӣ қадар сӯзишворӣ сарфа мешавад. Дар як соат як мошин ба камаш 8 литр сӯзишворӣ масраф мекунад. Муҳимтар аз ҳама пас аз ифтитоҳи ин нақб имконияти ҳамлу нақли молу маҳсулоти ниёзи мардум ва робитаҳои тиҷоратии минтақаҳо, бахусус аз вилояти Суғд тариқи роҳи байналмилалӣ то ағбаи Кулма ба таври назаррас афзоиш меёбад",-илова кард ӯ.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон бо бунёди нақбҳое ба мисли "Шаҳристон", кишвар аз бунбасти иртибототӣ раҳо хоҳад шуд. Туннели "Шаҳристон" дар 180-километрии роҳи Душанбе- Чаноқ қарор дошта, сохтмонаш 22-юми августи соли 2006 оғоз шудааст. Ин нақб, ки 5 километру 253 метр дарозӣ дорад, бо харҷи 430 миллион сомонӣ, ки давлати Чин ба Тоҷкистон қарз додааст, бунёд шудааст. Ин нақб бояд ба муносибати 21-солагии таҷлили истиқлолияти Тоҷикистон дар моҳи сентябр боз карда мешуд, вале бинобар идома доштани корҳои сохтмонӣ мӯҳлати он ба таъхир афтод.

Ба гуфтаи сафири Чин дар Тоҷикистон, туннели "Шаҳристон", тӯлонитарин нақбест, ки ширкати чинӣ дар хориҷ аз кишвари худ сохтааст. Аксари сокиноне, ки аз ин роҳ равуо мекунанд, мегӯянд, бунёди нақби "Шаҳристон" имконияти сафар аз марказ ба шимолро дар тамоми фасли сол фароҳам меорад.

Сафар Шодиев, ронандаи собиқадор, ки солҳои зиёд дар ин масир мусофир мекашонад, дар суҳбат бо мо гуфт: “Акнун ағбаи душворгузари "Шаҳристон"-ро сарфи назар карда, бо туннел роҳро убур мекунем. Ҳоло мешавад ин роҳро дар 4 соат тай кард." Вале бояд зикр кард, аксарияти мусофироне, ки ин роҳ тай кардаанд, мегӯянд, нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб то ҳол такмил нашудааст ва торику хатарнок боқӣ мемонад.

Ҳамзамон бо ифтитоҳи нақби "Шаҳристон" бозсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент оғоз шуд, ки 114 километр аст ва ҳамзамон бо он тақрибан 60 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент низ навсозӣ хоҳанд шуд. Барои иҷрои ин тарҳ тақрибан 140 миллион доллари амрикоӣ ихтисос ёфтааст, ки 100 миллион доллари онро Бонки осиёии рушд ба унвони кӯмаки бебозгашт додааст.



Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG