Исфара. Парванда барои “шаҳодати бардурӯғ”

Додситонии Исфара алайҳи се сокини ҷамоати Чоркӯҳ ба иттиҳоми додани "шаҳодати бардурӯғ" парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Додситонии шаҳри Исфара се сокини ҷамоати Чоркӯҳро барои шаҳодати бардурӯғ дар парвандаи пурсарусадои куштори як корманди низомии ин маҳал дар моҳи сентябри соли 2011, айбдор кардааст.

Иззатулло Муҳаммадиев, додситони Исфара, зимни сӯҳбати телефонӣ ин хабарро тасдиқ намуда, гуфт, парванда бо пешниҳоди ҳайати Додгоҳи олӣ, ки парвандаро моҳи июни соли ҷорӣ бозбинӣ карда буд, ифтитоҳ шудааст. Ҳайати Додгоҳи олӣ ҳукми Додгоҳи вилояти Суғд, аз моҳи марти соли ҷориро бетағйир гузошта, панҷ ҷавони сокини деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳро дар куштори Содиқ Ашӯров, корманди комиссариати низомӣ дар ин маҳал гунаҳкор донист ва аз 12 то 14 сол маҳкум ба ҳабс кард.

Се ҷавоне, ки ҳоло нисбат ба онҳо додситонии Исфара парванда боз кардааст, дар додгоҳ ба ҳайси шоҳид баёнот дода буданд, ки ҷавонони маҳкумшуда дар қатли корманди комиссариати ҳарбӣ даст надоранд ва замони рух додани ҷиноят дар ҷойи дигаре ҳузур доштанд. Ин се ҷавон сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ -- Шарифи Абдураҳимзода, Масолеҳ Солеҳов ва Қосимҷони Каримзод буда, ҳоло дар Русия ба сар мебаранд.

Файзиннисо Воҳидова

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, Файзинисо Воҳидова, ин се ҷавон дар ҳоле барои додани шаҳодати бардурӯғ дар додгоҳи парвандаи куштори корманди низомӣ муттаҳам эълон шудаанд, ки рӯзи 29-уми октябр дар ҷаласаи Кумитаи Созмони Милал алайҳи шиканҷа дар Женева, ҳисоботи Тоҷикистон дар мавриди ҷой доштан ё надоштани мавридҳои шиканҷа зимни баррасии парвандаи куштори корманди комиссариати ҳарбии Исфара низ шунида мешавад.

Хонум Воҳидова мегӯяд, "онҳо дар додгоҳ баёнот доданд, ки вақти тафтишоти пешакӣ 3 шабонарӯз ғайриқонунӣ мавриди боздошт ва аз ҷониби кормандони милиса мавриди латту кӯб қарор гирифтаанд ва маҷбуран зидди 5 ҷавони маҳкумшуда ба ҷурми куштори ёвари мизи ҳарбӣ: Содиқ Ашӯров шаҳодати бардурӯғ доданд. Вале онҳо дар додгоҳ изҳор доштанд, ки зимни тафтишоти пешакӣ зери шиканҷа шаҳодати дурӯғ доданд ва дар толори мурофиа ҳақиқатро баён намуданд, лекин додгоҳ инро ба назари эътибор нагирифт ва ҳоло баръакс онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашид."

Ба қавли Зуҳро Сангинова, модари Шарифи Абдураҳимзода, чанд рӯз қабл ӯро ба Шӯъбаи умури дохилии рақами 2-и ноҳияи Исфара даъват карда, ба ӯ гуфтаанд, ки алайҳи писараш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва волидайн ӯро бояд аз Русия ба Тоҷикистон биоранд. Хонум Сангинова мегӯяд, корманди милиса ӯро ҳарфҳои носазо гуфта, таҳдид кардааст, ки писарашро нобуд хоҳанд кард.

Вакили дифоъ Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, мунтазири посухи Додситонии кулли Тоҷикистон дар нишасти Женева дар мавриди вуҷуди латту кӯб ва шиканҷаи 5 маҳкумшудаву 3 шоҳид замони тафтиши пешакии парванда хоҳанд буд ва пас аз он ба мақомот марбута шикоят хоҳанд бурд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!