Мақомоти тоҷик мегӯянд, то ҳол созишномаи миёни Душанбеву Маскав дар бораи лағви боҷи маводи сӯхт тасвиб нашудааст.
Давлати Русия сар аз моҳи нобяр боҷи содиротии маҳсулоти нафтиашро то 3,5 дарсад коҳиш медиҳад. Расонаҳои расмии Русия мегӯянд, ин қарорро нахуствазир Дмитрий Медведев имзо гузоштааст.
Бар пояи қарори нав, аз оғози моҳи оянда интиқолдиҳандагони бензин, аз он ҷумла ба Тоҷикистон барои ҳар тоннаи он 364 доллар боҷи содиротӣ пардохт хоҳанд кард. Боҷи содиротӣ барои маҳсулоти дигари нафтӣ, аз қабили сӯзишвории дизелӣ 267 доллар барои ҳар тонна муқаррар шудаст.
Ин дар ҳолест, ки ба қавли масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳанӯз созишномаи миёни Душанбеву Маскав дар бораи лағви боҷи гумрукӣ барои тақрибан як миллион тонна маводи сӯхт тасвиб нашудааст. Зайниддин Мӯъминов, роҳбари бахши ҳамкорӣ ба кишварҳои СНГ-и Вазорати рушди иқтисод, гуфт, то замони имзо шудани созишнома, Тоҷикистон ҳамоно боҷи содиротии сӯзишвории Русияро пардохт хоҳад кард.
"Тибқи созишҳое, ки ҳастанд, имзои созишнома ва лағви пурраи боҷи содиротӣ аз 1-уми январи соли 2013 дар назар аст",-мегӯяд ӯ. Вай илова кард, ки ҳоло ҷониби Тоҷикистон посухи Русияро интизор аст ва аз эҳтимол дур нест, созишнома дар бораи бекор намудани боҷи содиротӣ пеш аз мӯҳлат ва то охири соли ҷорӣ имзо шавад.
Қаблан масъулони Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки созишнома дар бораи лағви боҷи гумрукӣ барои маводи сӯхти воридотӣ аз Русия то аввали моҳи ноябр ба имзо хоҳад расид. Интизор мерафт, то охири соли ҷорӣ шиддат дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон коҳиш ёфта, нархҳо ҳудуди 30 дарсад арзонтар шаванд.
Коршиносони соҳаи иқтисод мегӯянд, номуайян мондани замони имзои созишнома ба фаъолияти ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ таъсири манфӣ дорад. Бо ишора ба таҷриба, таҳлилгарон мегӯянд, дар чунин ҳолат ширкатҳо одатан интизори лағви боҷ мемонанд, ки дар навбати худ метавонад дар бозор камбуди маводи сӯхтро ба бор орад.
Ҳоло дар мавриди лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ миёни Тоҷикистону Русия танҳо ёддошти тафоҳум мавҷуд аст, ки аввали моҳи ҷорӣ аз ҷониби роҳбарони ду кишвар ба имзо расидаст. Ин ҳуҷҷат ҳатмӣ маҳсуб наёфта, назарҳо метавонанд тағйир ёбанд.
Русия боҷи содиротиро барои Тоҷикистон моҳи майи соли 2010 ба далели аъзои Иттиҳоди гумрукӣ набудан, ҷорӣ карда, ҳар моҳ вобаста ба нархи нафт дар ҷаҳон ҳаҷми онро поёну боло мебарад.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!