Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия боҷи содиротии маводи сӯхтро боз боло мебарад


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Русия сар аз якуми сентябр боҷи содиротии нафти хомро боло хоҳад бурд.

Зайниддин Мӯъминов, сарвари шӯъбаи ИДМ дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, аз намояндагии тиҷоратии Русия дар Душанбе огаҳӣ расидааст, ки ин кишвар шурӯъ аз якуми сентябр боҷи содиротиашро боло мебарад, зеро қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ давоми моҳи равон боло рафтааст.

Қаблан мақомоти Русия эълон дошта буданд, ки арзиши як тонна нафти хом 17 дарсад, аз 336 доллари имрӯз то 394 доллар сари ҳар тонна боло бурда мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки шурӯъ аз 21-уми август дар Тоҷикистон қимати як литр бензин аз 6 ба 6,5 сомонӣ боло рафт. Қимати навъҳои дигари сӯзишворӣ, аз қабили саляркаву керосин низ афзудаанд.

Зайниддин Мӯъминов мегӯяд, болоравии нархи маводи нафтӣ навҳаи сиёсӣ надорад, зеро дар бозори ҷаҳонӣ тайи як моҳ аз 15 июл то 15 август, қимати як баррел нафт аз 95 ба 108 доллари амрикоӣ гарон шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 80 дарсади маҳсулоти нафтии худро аз Русия ворид мекунад ва ба гунаи мисол, барои як тонна бензин 354 доллар боҷи гумрукӣ месупорад. То оғози моҳи июл боҷи гумрукӣ барои як тонна беш аз 390 доллар буд.

Масъалаи афзоиши нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон ду сол қабл ба миён омада буд. Дар соли 2010 баъд аз он, ки Русия боҷи гумрукиро ба маводи сӯхте, ки ба кишварҳои ғайри узви Иттиҳоди гумрукӣ содир карда мешуд, афзуд, нархи бензин дар Тоҷикистон тайи ду соли охир ду маротиба бештар шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон борҳо аз Русия дархост кард, пардохтҳои баланди гумрукиро ба маводи сӯхти нафтӣ коҳиш диҳад. Худи Путин дар замони сарвазирияш чанд бор ин ваъдаро дод, вале ба ҷо наовард, ҳарчанд Маскав ин пардохтҳоро барои Қирғизистон ба поинтарин ҳад коҳиш дод.
XS
SM
MD
LG