Инфиҷор дар пойтахти Сурия, ки боиси куштаву захмӣ шудани афроди ғайринизомӣ гардид, оташбасро халалдор намудааст.
Инфиҷор ё таркиши бузург тавассути як мошини бомбгузоришуда дар рӯзи ҷумъа, Димишқ -- пойтахти Сурияро ларзонд ва ба куштаву захмӣ шудани шумори зиёде аз афроди ғайринизомӣ анҷомид.
Ин инфиҷор ва даргириҳои ҷудогона дар минтақаҳои гуногуни Сурия миёни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифон, боис ба нақзи тарҳи оташбас шуд, ки қарор буд, ду тараф дар рӯзҳои Иди Қурбон ба он пойбанд бошанд.
Телевизиони давлатии Сурия гузориш дод, ки ин "амали террористӣ" дар Димишқ камаш панҷ нафарро кушта ва беш аз 30 тани дигарро захмӣ кардааст. Бино ба гузориши ин телевизион, артиши Сурия ба "ҳамлаи террористҳо" ба пойгоҳҳояшон посух гуфтааст. Мақомҳои давлатии Сурия мухолифони мусаллаҳи низоми ҳоким дар ин кишварро "гурӯҳҳои мусаллаҳи террорист" мегӯянд.
Қабл аз фарорасии Иди Қурбон шӯришиёни Сурия гуфтанд, ки дар рӯзҳои ид оташбасро риоят мекунанд. Вале генерал Мустафо Шайх, фармондеҳи ин артиш аз Туркия гуфта буд, агар нерӯҳои ҳукуматӣ оташбасро шикананд, онҳо низ чунин хоҳанд кард.
Рӯзи панҷшанбе, 25-уми октябр, як низомии ҳукумати Сурия низ эълон кард, ки онҳо аз рӯзи ҷумъа то рӯзи душанбе, яъне дар рӯзҳои Иди Қурбон оташбасро риоят хоҳанд кард. Аммо артиши Сурия гуфт, дар сурати ҳамлаи шӯришиён ба онҳо ҷавоб хоҳанд дод. Ин оташбас бо миёнҷигарии Созмони Милал ба даст омада ва маҳофили байналмилалӣ умед доштанд, ки он роҳи ҷонибҳои даргири Сурияро ба сӯи музокира боз мекунад.
Ташаббуси оташбасро Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб барои Сурия, матраҳ кард ва баъд аз эълони ҷонибҳои даргир дар бораи оташбас кишварҳои дигар низ, аз ҷумла Эрону Русия аз он истиқбол карданд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!