Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулини ҷиноёти низомии Сурияро ҷустуҷӯ хоҳанд кард


Карла дел Понте
Карла дел Понте

Карла дел Понте гуфт, ӯ мавзӯи даст доштани мансабдорони воломақоми Сурия дар ҷиноёти низомиро пажӯҳиш мекунад.

Карла дел Понте, додситони собиқи Додгоҳи байналмилалии Ҳейг оид ба Югославияи собиқ, ҳамроҳ бо Витит Мунтарбхорн, гузоришгари вижаи Созмони Милал оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Кореяи Шимолӣ, моҳи гузашта ба узвияти комиссияи СММ оид ба тафтиши ҳаводиси Сурия интихоб шуданд. Пештар ба ин комиссия фақат Паул Пинийера ва собиқ Дабири кулли Бунгоҳи Ховари Миёнаи СММ оид ба кӯмак ба паноҳандагони фаластинӣ Карен Абу Зайд шомил буданд.

Баъд аз анҷоми нишасти дурӯзаи ҳайати нави Комиссияи тафтиши ҳаводиси Сурия дар Женева, Карла дел Понте ба хабарнигорон гуфт, вазифаи асосияш “идомаи тафтишот ба хотири муқаррар кардани ному насаби сиёсатмадорон ва низомиёни масъул дар ҷиноёти низомист”. Ба таъкиди ӯ, миёни ҷиноёте, ки дар Сурия содир мешаванд ва ҷинояте, ки солҳои 90-ум дар Югославия содир шудаанд, умумияти зиёдро мушоҳида кардааст.

Дар гузориши ахири Комиссияи тафтиши ҳаводиси Сурия, ки моҳи сентябр барои нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ таҳия шуда буд, коршиносон ба ҷиноёти низомӣ, ҷиноёт алайҳи башарият ва нақзи ҳуқуқи башар аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳи пуштибон аз ҳукумат “Шабиҳа” таъкид карданд. Дар ин гузориш мухолифини мусаллаҳ дар ҷиноёти низомӣ айбдор шудаанд.

Паул Пинийера (аз тарфи чап)
Паул Пинийера (аз тарфи чап)
Раиси Комиссияи тафтиши ҳаводиси Сурия Паул Пинийера ба хабарнигорон дар Женева гуфт, онҳо аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад хостаанд, то онҳоро ба ҳузур пазирад. “Ман намедонам, ки Башор Асад моро қабул мекунад ё не, вале мо бояд ба Сурия дастрасӣ дошта бошем”,-изҳор намуд дипломати СММ. Паул Пинийера афзуд, то аввалҳои соли 2013 онҳо гузориши навро дар робита ба ҳаводиси Сурия таҳия хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар нишасте дар Маскав изҳори умедворӣ намуд, ки ҳукумати Сурия ва нерӯҳои мухолифини мусаллаҳ дар давраи Иди Азҳо ё Иди Қурбон оташбасро риоя мекунанд. Ӯ гуфт, “мо нигарониҳо дар робита ба авзои Сурияро дарк мекунем ва мутмаинем, ки ин бӯҳрон фақат ҳалли сиёсӣ дорад”.

“Ҳарчӣ барвақттар хушунат хатм ва гуфтушунид бидуни шартҳои пешакӣ шурӯъ шавад, ҳамон қадар мо барои аз ин вазъ бо талафоти андак берун шудан умедвор хоҳем шуд. Ман ба мусолиҳа дар рӯзҳои иди мусалмонҳо умедворам",-илова кард Сергей Лавров

Дирӯз, 24-уми октябр, Шӯрои амнияти СММ аз ҳукумати Димишқ ва мухолифини мусаллаҳ хост, мусолиҳаи пешниҳодкардаи Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи кишварҳои арабро, қабул кунанд.
Ба дунболи ин, Ахзар Иброҳимӣ хабар дод, ки Димишқ барои риояи мусолиҳа дар рӯзҳои Иди Қурбон розӣ шудааст.

Аз ин пеш ошӯбгарон ҳам гуфта буданд, ки дар сурати аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ риоя шудани мусолиҳа онҳо низ аз муқовимат даст мебардоранд. Аз нигоҳи Ахзар Иброҳимӣ, мусолиҳа дар рӯзҳои Иди Қурбон метавонад оғози раванди ҳалли сиёсии низоъ дар Сурия гардад, ки бар асари он тайи якуним сол даҳҳо ҳазор нафар кушта шуданд.

Аммо коршиносон мегӯянд, гумон аст, бархе аз гурӯҳҳои мухолифини мусаллаҳ ва гурӯҳи пуштибон аз ҳукумат “Шабиҳа” оташбасро риоя кунанд. Айни ҳол гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат парокандаанд ва изҳори назари воҳид аз сӯи онҳо номумкин аст. Коршиносон ба он нукта таъкид доранд, ки ҳукумати Димишқ назар ба ошӯбгарон ба мусолиҳа бештар манфиатдор аст ва талош мекунад онро ба нафъи худ истифода намояд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG