Шодиву мотами мусалмонон дар рӯзи Иди Қурбон

Иди Азҳо ё Қурбон рӯзи ҷумъа баъди он шурӯъ шуд, ки зоирон дар водии Мино ба тимсоли Шайтон санг андохтанд.
Ид се рӯз идома мекунад - баъд аз қурбонӣ зоирон мӯйи сари худро метарошанд ё қайчӣ мезананд ва бори охир тавофи Каъба мекунанд. Баъд аз қурбонӣ дар маросими Ҳаҷҷи Акбар дар ҳама кишварҳои мусалмоннишини олам намози ид баргузор шуд ва таҷлили Иди Қурбон оғоз ёфт.

Мотам дар рӯзи ид

Намози ид дар яке аз масҷидҳои Афғонистон ба мотам табдил шуд. Пас аз адои намоз бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар дарвозаи хуруҷии Масҷиди Шарифи шаҳри Маймана, маркази вилояти Фарёб, камаш 40 нафар ҷон бохтанд. Тақрибан нисфи қурбониёни ҳодиса кормандони пулис будаанд. Муҳаммадуллоҳ Батош, волии Фарёб, ба хабарнигорон гуфт, дар ин ҳамла занону тифлоне ҳам кушта шуданд, ки ба нияти дарёфти хайру садақа дар назди дарвоза ҷамъ омада буданд. Теъдоди захмиёни ҳамла, ба гуфтаи волӣ, беш аз 50 нафар аст.

Лаълмуҳаммад Аҳмадзай, сухангӯи Раёсати пулис дар минтақаи шимоли Афғонистон, ҳадс зад, ки шояд ҳадафи ҳамла генерал Абдулхолиқ Оқсой, раиси пулиси Фарёб, буд, ки бояд дар намози идона ширкат мекард. Лаҳзаи таркиш генерал Оқсой аллакай ба мошини худ нишаста буд ва ба ӯ осебе нарасидааст. Раиси пулиси Фарёб ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи “Толибон” кард. Сухангӯи Толибон дар навбати худ гуфт, онҳо аз пайи мушаххас кардани масъули ин ҳодиса мебошанд.

Таркиш дар масҷиди шаҳри Маймана чанд лаҳза баъд аз он рух дод, ки раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аз мусаллаҳони “Толибон” бори дигар даъват намуд, ки силоҳ ба замин гузоранд ва ба ҳукумат бипайванданд.

Таҷлили Иди Қурбон дар ҷаҳон



Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия (нафари сеюм аз тарафи рост) дар ҳоли гузоштани намози Иди Қурбон

Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи аввали иди Қурбон дар баъзе манотиқи Сурия оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ халалдор шуд, вале, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, хушунат назар ба рӯзҳои пеш ба карат камтар аст. Бар пояи иттилои онҳо, субҳи имрӯз аз Ҳарастӣ, шаҳри воқеъ дар канори Димишқ, дар бораи бар асари таркиши мина ва тири мерганҳо кушта шудани се нафар хабар расид. Дар шаҳрҳои Ҳумс ва Идлиб ҳам задухӯрдҳои кӯтоҳ сурат гирифтанд.

Аз субҳи рӯзи ҷумъа мусолиҳа ба шарафи Иди Қурбон оғоз ёфт - ҳам нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва ҳам мухолифини мусаллаҳ ваъда доданд, ки тайи ин рӯзҳо аз хушунат кор намегиранд. Ҳамзамон онҳо гуфтанд, ба дасисаҳои ҷониби муқобил посух хоҳанд дод. Зимнан, бархе аз гурӯҳҳои ифротгарои ошӯбгарон аз риояи оташбас сарпечӣ карданд.

Иди Қурбон дар дигар кишварҳо дар вазъи ором шурӯъ шуд. Дар намози идона дар масҷидҳои шаҳри Маскав, пойтахти Русия, тақрибан 150 ҳазор нафар ширкат карданд. Ба иттилои пулис, ягон қонуншикании ҷиддӣ рӯх надодааст, ба ҷуз он ки издиҳоми бузурги одамон боиси баста шудани баъзе хиёбонҳо ва норозигии мардуми бумӣ шудааст.

Маросими Ҳаҷҷи Акбар идома дорад. Тайи се рӯзи ид зоирон бори дигар ба водии Мино рафта, ба ҳама се сутун –ҷамрат-ал-ула, ҷамрат-ал-вусто ва ҷамрат ал-ақаба санг мезананд. Дар рӯзи ахири ҳаҷ, ки ба рӯзи 14 уми моҳи зулҳиҷҷа рост меояд, зоирон соҳиби унвони ҳоҷӣ мешаванд. Баъд аз анҷоми Ҳаҷҷи Акбар аксари ҳоҷиён ба Маккаву Мадина рафта, қадамҷойҳои Паёмбари исломро зиёрат мекунанд. Онҳо ба кӯҳи Ҷабал ан-Нур, ки дар яке аз ғорҳои он Қуръони маҷид ба Муҳаммади мустафо нозил шудааст, рафтаву сипас дар Мадина оромгоҳи Паёмбар ва ёрони ӯ – Абубакр, Умар ва Усмонро зиёрат мекунанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!