Муаллифони "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ" дар Санкт-Петербург бо пахши изҳороте интиқод аз ин роҳнаморо бепоя донистанд.
Муаллифони "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ" дар Санкт-Петербург, ки бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд, бо нашри баёнияе дар сайти интернетии созмони "Взгляд в будущее" гуфтанд, ҳадафи онҳо таҳқиру тавҳини шаҳрвандони кадом кишваре набуд. Онҳо мегӯянд, ки мавҷи интиқодҳои рӯзи 19 октябр дар сатҳи матбуот шурӯъшуда "як провокатсия" аст. Ин созмон таъкид мекунад, ки ҳеҷ гоҳ намехост ба эҳсосоти миллии касе нохун бизанад.
Муаллифон эътирозҳои шадиде, ки дар муқобили ин роҳнамо баён шуд, маҳсули маъракаҳои иттилоотии шахсони алоҳида медонанд, ки ба ҳамин восита мехоҳанд, маъруфият касб кунанд.
Таҳиягарони "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ" дар торамнои созмони "Назаре ба оянда"-и Санкт-Петербург гуфтаанд, зимни таҳияи он аз китобҳои "Саргузашти Чиполлино" ва "Ҷодугари шаҳри зумуррадӣ" илҳом гирифтаанд. Муаллифон таъкид мекунанд, ки дастурамали муҳоҷирон ягон қаҳрамони манфӣ надорад ва эълом медоранд, ки кори он "муҳиму муфид" аст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия бо пахши изҳороти расмӣ, нашри "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ"-ро маҳкум карда, онро иғвою дасиса хонд, ки гурӯҳҳои алоҳида барои "ҳадафҳои нопоки худ" роҳандозӣ кардаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия, чопи "роҳнамо"-ро амали номатлуб ва таҳқири рӯйирости муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикистониёни Русия арзёбӣ кард. Намояндагии Тоҷикистон дар Маскав аз мақомоти Русия даъват кард, ки масъалаи мазкурро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, зуҳури чунин падидаҳои номатлубро дар оянда ҷилавгирӣ намоянд.
Ин роҳнамо чанде қабл дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо теъдоди 10 ҳазор нусха ба нашр расидааст, ки дар он муҳоҷирон дар сурати ҷорӯбу чӯткаи рангмолӣ ва андовачӯбу ғелак нишон дода шудаанд. Баробари қоидаҳои вуруд ба Русия ва дарёфти кор дар ин кишвар, ноширони "роҳнамо" ба муҳоҷирон тарзи гуфтору рафторро нишон додаанд. Аз ҷумла, дар дастурамал ба муҳоҷирон тавсия шудааст, ки либосҳои миллӣ напӯшанд, бо либосҳои варзишӣ нагарданд, баланд гап назананд. Ин раҳнамо, ки ба забонҳои тоҷикиву узбакӣ ва қирғизӣ тарҷума ва нашр шудааст, мавҷи эътирозҳоро дар миёни созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва худи муҳоҷирон дар Русия ба бор овард.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!