Созмони Human Rights Watch гуфтааст, ҳукми додгоҳ дар мавриди қатъи фаъолияти "Ампаро" рангу бӯйи сиёсӣ дорад.
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch ҳукми додгоҳи Хуҷанд дар мавриди қатъи фаъолияти созмони ҳуқуқшиносони ҷавон -- "Ампаро"-ро зарбаи ҷиддӣ ба ҷомеаи мадании Тоҷикистон донистааст.
HRW рӯзи 25-уми октябр бо нашри изҳороте гуфт, ин қазия рангу бӯйи сиёсӣ дорад. Масъули Дидбони ҳуқуқи башар дар Аврупову Осиёи Марказӣ, Ҳю Уилямсон, бо ишора ба фаъолиятҳои "Ампаро", ки масъалаи ҷалби маҷбурии ҷавонон ба сафи Артишро пайгирӣ мекард, гуфтааст, "ин ҳукм даҳони кормандони созмонро дар масъалаи муҳиму интиқодӣ баст. Дар масъалаҳои муҳиме, назири шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи даъватшавандагон. Ин қадаме ба қафо дар масъалаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст."
Рӯзи чаҳоршанбе, 24-уми октябр, додгоҳи шаҳри Хуҷанд фаъолияти созмони ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро"-ро мамнӯъ донист. Ҷониби даъвогар -- Раёсати адлияи Суғд дар додгоҳ гуфт, созмони "Ампаро" дар панҷ маврид қонунҳои кишвар дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳамчунин бандҳои Оинномаи фаъолияташро нақз кардааст. Ба қавли ҷониби даъвогар, аз ҷумла созмони "Ампаро" суроғаи ҳуқуқии худро тағйир дода, мақомоти Вазорати адлияро огоҳ нанамудааст.
Илова бар ин, ба гуфтаи ҷониби даъвогар, ин созмон аз минтақаи фаъолияти худ берун рафта, бо мактабхонҳо бидуни иҷозатнома мулоқот доир кардаанд ва ҳамчунин саҳифаи интернетӣ фаъол намуда, дар бораи фаъолияти "Ампаро" мақолаҳо ба табъ расондаанд.
Вале масъулони созмони “Ампаро” ин тасмими додгоҳро “иштибоҳи ҷиддӣ” номида ва гуфтанд, ки ҳатман ба додгоҳи вилояти Суғд шикоят хоҳанд бурд. Зеро ба гуфтаи онҳо, додгоҳ далелҳоеро, ки созмони “Ампаро” алайҳи даъвои Раёсати адлияи пешниҳод карда буд, ба эътибор нагирифтааст.
Созмони "Ампаро", ки бештар аз чиҳил фаъоли ҳуқуқ ва хабарнигоронро гирди ҳам овардааст, соли 2005 аз сӯи чанде аз ҳуқуқшиносони ҷавон ташкил ёфта буд. Ин созмон дар тӯли фаъолияташ бештар дар масъалаи ҷалби иҷбории ҷавонон ба сафи Артиш ё "облава" пажӯҳишҳо анҷом дода, ба мақомот тарҳи хидмати алтернативиро пешниҳод кардааст.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!