Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Д.Самадова: "Дар комиссариат гуфтанд, «шумо пашшае ҳастед, ки бо фил меҷангед»


Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова
«Ампаро» - Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон, ки тасмим дошт фаъолияти худро дар саросари кишвар роҳандозӣ кунад, мегӯяд, аз сӯйи мақомоти масъул мавриди фишору монеаҳо қарор гирифтааст.

Ин созмон, ки ҳадафи аслиаш ҳимояти ҳуқуқи даъватшавандаҳо ба сафи артиш ва хидматчиёни ҳарбӣ аст, ҳамасола дар ин самт пажӯҳишҳо мебурд ва қонуншиканиҳоро ошкор мекард.

Дар назарпурсии ахири худ дар робита ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ созмони ҳуқуқшиносони ҷавон “Ампаро” ба ин хулоса омадааст, ки аксаран ҳуқуқи ҷавонони синни даъватӣ “дар шеваи ҷалбу сафарбарсозии” онҳо ба сафи қувваҳои муссалаҳ ва зимни ташхиси тиббӣ аз сӯи масъулин поймол мешавад. Ин пажӯҳиш, ки дар беш аз 60 шаҳру навоҳии мухталифи кишвар анҷом шуда буд, собит кардааст, ки 22 дар сади ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ омили аслии сарпечии худ аз хизмат дар артишро, дар истифодаи «облава» ва дигар роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба хизмати аскарӣ ва муносибати дағалонаи масъулини кумисартҳои ҳарбӣ арзёбӣ кардаанд.

Дилрабо Самадова, раҳбари созмони ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, ин бори аввал нест, ки онҳо ба фишору монеагузориҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

Ояндасоз: Дилрабо, дар баёнияи шумо аз фишору монеагузорӣ сухан меравад. Дақиқтар мегуфтед, ки аслан чӣ монеаву фишорро дар ҷараёни кор эҳсос мекунед ва аслан ин муносибат кай шурӯъ шуд?

Самадова: Бо ин фишорҳо мо аз моҳи июни соли ҷорӣ дучор мешавем. Вақте мо барои гузаронидани лагерҳои омӯзишӣ барои ҷавонон мо бо мактубе ба мақомоти ҳокимияти давлатии Суғд муроҷиат карда онҳоро ба ҳамкорӣ даъват кардем, онҳо ба мо посух навиштаанд, ки гузаронидани ин лагерҳоро дар марҳилаи ҳозира мувофиқи мақсад намешуморанд. Ин лагерҳо барои ҷавонон равона карда шуда буданд. Аз ҷумла мо мехостем ҷавононеро, ки дар интернатҳо тарбия шуда истодаанд, дар як лагер фаро гирем ва тарзи омода шудан ба ҳайёти мустақилона омӯзонем. Зеро онҳо дар интернат калон мешаванд ва маълум аст, ки интернатҳо муассисаҳои пӯшида ҳастанд, як режими муайян доранд ва аксари онҳое, ки дар интернат тарбия мегиранд ба ҳаёти мустаъқилона тайёр нестанд.

Лагери дигари мо барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон равона
Созмони "Ампаро" чандин сол аст роҷеъ ба бадрафториву зӯргӯӣ ва қонунвайронкуниҳо дар артиш таҳқиқот мебарад
Созмони "Ампаро" чандин сол аст роҷеъ ба бадрафториву зӯргӯӣ ва қонунвайронкуниҳо дар артиш таҳқиқот мебарад
шуда буд, мо онро лагери ватандӯстию низомӣ ном гузошта будем, вале мутаассифона ҳукумати вилояти Суғд моро дастгирӣ накард ва ҳамаи он ниҳодҳои дигаре, ки дар ин маврид бояд бо мо ҳамкорӣ мекарданд ва розӣ ҳам буданд, якбора аз ҳамкорӣ даст кашиданд. Пасон ба ташкилоти мо намояндагони кумитаи бехатарӣ ташриф оварданд. Онҳо роҷеъ ба фаъолияти мо ва аз ҳамкорону маблағгузорони мо пурсон шуданд. Онҳо гуфтанд, ки якчанд мақомоти давлатӣ аз фаъолияти «Ампаро» норозиянд. Баъд аз ин намояндагони вазорати адлия ва раёсати ин ниҳод дар Суғд омаданд. Онҳо гуфтанд, ҳамаи асосҳоро барои барҳам додани фаъолияти мо доранд. Воқеан, онҳо талаботи қонунро риоя накарданд. Онҳо ба мо санади хаттӣ дар бораи иштибоҳҳои ташкилотамон пешниҳод накарданд, қарори қатъӣ дар бораи гузаронидани тафтишот надоштанд, бидуни риоя кардани ин тартибот аризаи худро ба мақомоти судӣ фиристоданд. Ин далели он аст, ки онҳо ҳадаф доранд фаъолияти моро қатъ кунанд.

Ояндасоз: Ба назаратон чаро масъулин қасд доранд фаъолияти шуморо қатъ кунанд?

Самадова: Созмони мо дар Тоҷикистон ягона ташкилотест, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон фаъолият мебарад. Мо аз соли 2008 мониторингу пажӯҳишҳо гузаронида натиҷаҳои онро дар расонаҳо нашр ва ба ҷомеа пешниҳод мекунем. Бинобар ин, мо таваҷҷӯҳи зиёди мақомоти давлатиро ба кори худ ҷалб мекунем. Ин бори аввал нест, ки ба созмони мо фишор оварда мешавад. Қаблан ду маротиба нисбати кормандони алоҳидаи созмон фишор оварда буданд. Таҳқир ҳам буд, тарсонданд, ки парвандаҳои ҷиноӣ нисбати мо боз мекунанд, чун мо гӯё фаъолияти зиддисиёсӣ, зидди хизмати ҳарбӣ бурда истодаем ва тарғиб мекунем, ки ҷавонон ба хизмат нараванд. Аммо дар ҳақиқат ҳадафи аслии ташкилоти мо ин иҷро шудани талаботи қонун оиди хизмати ҳарбӣ мебошад. Мо ҳама камбудиҳо, қонуншиканиҳоеро, ки ҳам аз сӯйи даъватшавандаҳо, волидони онҳо ва ё масъулини давлат мушоҳида мешавад, инъикос мекунем. Дар ташкилоти мо ёрии ройгони ҳуқуқӣ роҳандозӣ шудааст, ки беш аз ду ҳазор даъватшавандаҳо ва волидони онҳо аз ин кӯмаҳо истифода бурдаанд.

Ояндасоз: Дар сурати идома ёфтани фишорҳо, иқдоми шумо чӣ хоҳад буд?

Самадова: Дар воқеъ, мо аслан намехоҳем фаъолияти ташкилоти мо барҳам дода шавад. Фаъолияти мо бар асоси қонун ба роҳ монда шудааст. Мо то охир барои барқарор кардани ҳуқуқи худ, ҳуқуқ барои муттаҳидшавии шаҳрвандон, ҳуқуқ барои ташкил кардани созмони ҷамъиятӣ мубориза мебарем.

Ояндасоз: Як ҳадафи аслии шумо ҳимоя аз ҳуқуқи даъватшавандаҳо аст. Дар ҳоле, ки тавре худи ҷавонон мегӯянд, на танҳо дар ин масъала ҳуқуқи онҳо нақз мешавад. Чаро шумо маҳз масоили марбут ба хизмати ҳарбиро як самти аслии фаъолияти худ қарор додед?

Самадова: Вақте соли 2005 мо ташкилоти худро аз қайди давлатӣ гузаронидем, мо 8 нафар донишҷӯён нав факултаи ҳуқуқшиносиро хатм карда будем. Дар шабу рӯзе, ки мо мо соҳаҳои аслии фаъолиятамонро интихоб мекардем, шоҳиди дастгир шудани як ҷавон аз сӯйи масъулини комиссариати ҳарбӣ шудем. Баъдан мо ба омӯхтани қонунгузорӣ дар ин маврид шурӯъ кардем ва фаҳмидем, ки дар ҳақиқат ҳангоми даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ як қатоор қонунҳо вайрон мешаванд. Ин ҳам дар ҳоле, ки шаҳрвандони мо ягон имконияти муроҷиат ба созмонҳои масъули ҳуқуқӣ надоштанд, зеро чунин ташкилот набуд. Барои ҳамин мо тасмим гирифтем, ки дар ҳамин соҳа кор хоҳем кард.

Рӯзҳои аввали фаъолияти созмони «Ампаро» кормандони комиссариати ҳарбӣ аз болои мо хандида мегуфтанд, ки «шумо мисли пашшае ҳастед, ки бо фил меҷангед». Вале имрӯз мо ёрии ҳуқуқӣ мерасоонем, мо шаҳрвандонро аз ҳуқуқашон огоҳ мекунем ва кори мо ба ҷамъият натиҷаи мусбат медиҳад. Сол то сол шумори онҳое, ки ба созмони мо муроҷиат мекунанд, зиёд мешавад. Аз ҷумла, шаҳрвандон аз дигар минтақаҳои кишвар ҳам барои кӯмак ба мо муроҷиат мекунанд. Бинобарин, мо тасмим гирифтем, ки имсол самти фаъолиятро каме васеъ карда дар саросари кишвар корамонро роҳандозӣ кунем. Аммо мутаасифона, вазорати адлия чунин имкон надод ва баръакс барои аз фаъолият мондани созмони мо ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардааст.
XS
SM
MD
LG