Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон шикоят доранд, ки зимни сафар ба Бадахшон дар гузаргоҳи Шӯробод хориҷиён ба мушкилот дучор мешаванд.
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон шикоят доранд, ки сарфи назар аз лағви маҳдудияти сафар ба Бадахшон, дар гузаргоҳи Шӯробод сайёҳон ҳанӯз ба монеасозиҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Жандия Зоолшоева, роҳбари Ассотсиатсия фарҳангӣ ва сайёҳии Помир мегӯяд, якчанд ширкати сайёҳии минтақа ба онҳо муроҷиат намудаанд, ки чанд сайёҳро зимни сафар ба Бадахшон аз гузаргоҳи Шӯробод бозгардонидаанд: «Худам низ дар пости Шӯробод шоҳид будам, ки марзбонон сайёҳонро аз автомашина берун карданду автомашина холӣ ба сӯи Хоруғ равон шуд.» Ба гуфтаи Зоолшоева, бинобар мушкилоти роҳи нақлиётӣ, айни ҳол бештари сайёҳон, аз ҷумла шикорчиён ба роҳи ҳавоӣ бартарӣ медиҳанд.
Мирзо Мирзоев, роҳбари ширкати "East Vizion Trawel", дар мавриди бозгардондани сайёҳони хориҷӣ, ки асноди лозимаро доштаанд, изҳор медорад, ки сабаби ин монеасозиҳо, набудани ҳамоҳангии мақомот бо масъулини постгоҳ аст: «Ба фикрам дар постгоҳ ҳанӯз намедонанд, ки маҳдудияти сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба минтақаи Бадахшон бардошта шудааст.»
Давлати Тоҷикистон, ки замони нооромиҳо дар шаҳри Хоруғ, сафар ба вилояти Бадахшонро мамнӯъ карда буд, ҳафтаи гузашта дигарбора ба дипломатҳо, мақомоти хориҷӣ ва сайёҳон иҷоза додааст, то ба ин вилоят сафар кунанд.
Аммо Жандия Зоолшоева мегӯяд, агарчанде мақомот пеш аз оғози амалиёти рӯзи 24-уми июл, ба шаҳвандони хориҷӣ дастур доданд, ки аз қаламрави вилоят берун раванд, вале дӯсторони зиёди Помир бо роҳу усулҳои гуногун дар ин ҷо монданд ва дар моҳҳои июлу август низ сайёҳонро дар шаҳру навоҳии Бадахшон дидан мумкин буд. Бино ба мушоҳидаи Жандия Зоолшоева, инҳо асосан сайёҳоне буданд, ки дар манотиқи дурдасти вилоят монда буданд ва ё баръакас пеш аз амалиёт ба манотиқи дурдаст рафтанд, то дар лаҳзаи муносиб ба шаҳр баргашта рӯйдодҳоро бо чашмони худ бубинанд.
Роҳбари Ассотсиатсияи экологию фарҳангӣ ва сайёҳӣ изҳор дошт, ки ҳаводиси Хоруғ ба фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ дар минтақа зарбаи сахт зад. Ба гуфтаи вай, агар соли гузашта бештар аз 5 ҳазор сайёҳ ба минтақа сафар доштааст, имсол ин рақам ду мротиба коҳиш ёфтааст.
Ширкатҳои сайёҳӣ умед доранд, ки бо истифода аз ҷаззобияти манзараҳои Помир ва гуногунрангии фарҳанги мардуми минтақа барояшон муяссар мегардад, ки бо лағви маҳдудияти сафар таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷи кишварро дубора ба минтақа афзоиш медиҳанд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!