Комиссияи марказии интихобот барои огоҳии ҳарчи бештари ҷавонон аз интихоботи президентӣ китобчаҳо нашр кардааст.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон дар ростои интихоботи президентии 2013, ба ҷавононе рӯй овардааст, ки аввалин бор соли оянда раъй медиҳанд.
Раҳмон Мирализода, сӯхангӯи ин Комиссия, мегӯяд, ҳоло қонун дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон дар шакли китобчаву варақаҳои иттилоотӣ нашр шуда, ба дасти бархе аз сокинони кишвар расидааст. Ба гуфтаи ӯ, ин барои ҷавононе, ки аввалин бор ҳаққи ширкат дар интихобот ва раъйдиҳиро пайдо мекунанд, имкон медиҳад, ки роҷеъ ба шеваҳои овоздиҳӣ, ҳуқуқ барои ширкат дар интихобот, ва дигар паҳлӯҳои ин маъракаи муҳими сиёсӣ огоҳӣ пайдо кунанд.
"Аммо мувофиқи қонун чорабиниҳои аслии фаҳмондадиҳӣ вобаста ба боло бурдани маърифати ҳуқуқии мардум ва ба вижа ҷавонон бо шурӯи маъркаҳои интихоботӣ оғоз меёбад. Он вақт нашру пахши ролику наворҳои маърифатӣ ва дастурамалҳои зарурӣ ҳам шурӯъ мешавад",-илова кард ӯ. Ҷаноби Мирализода мегӯяд, бо рушди фанновариҳои нав ва дастрас шудани Интернет огоҳӣ ва шуури сиёсии ҷавонон ҳам бештар шудааст.
Ин нуктаро ӯ дар ҳоле зикр мекунад, ки дар маъруфтарин шабакаи иҷтимоии Фейсбук чанд ҳафта боз гурӯҳи ҷавонон интихоботи ояндаро баҳс мекунанд. Ахиран "Созандагони Ватан", созмони ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ аз фаъолони Фейсбук ва Однаклассники даъват кард, то дар тарғиби номзади эҳтимолии ин ҳизб ба онҳо кӯмак кунанд.
Аммо гурӯҳи дигари ҷавононе, ки дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ чандон фаъол нестанд ва соли оянда аввалин бор раъй хоҳанд дод, аз таърихи интихобот ва моҳу соли баргузории он то ҷое огоҳ бошанд ҳам, дар маҷмӯъ роҷеъ ба таҳаввулоти ин маъракаи муҳими сиёсӣ, фаъолияти аҳзоби сиёсии кишвар ва ҳуқуқи ширкаткунандагон иттилои кофӣ надоранд.
Манучеҳр, ки акнун ба синни 18 даромадааст, мегӯяд, ӯ аз фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ҳеҷ иттилое надорад ва касе ҳам нест, ки ин мавзӯъро ба ӯ фаҳмонад: "Ҳар як ҳизбе, ки мехоҳад ба сари давлат биёяд, бояд на як ҳафта ё чанд рӯз пеш аз интихобот, балки ба фикри ман аз хеле пештар худро нишон диҳад. Аммо дар мо чунин нест, мо масалан донишҷӯи курси як ҳастем ва намебинем, ки ҳизбҳои мо ягон кори хубе карда бошанд."
Аммо Ҷамшед, ҷавони дигар, мегӯяд, ба масоили сиёсии кишвар таваҷҷӯҳ дорад ва дар бораи интихоботи оянда бо ҳамсолонаш сӯҳбат мекунад. Ҷамшед аз нақши президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу истиқлолият ёдовар шуда, аммо мегӯяд, агар ин бор номзадҳои ҷавоне бо нерӯву ғояҳои тоза ва барномаҳои хубе муаррифӣ шаванд, беҳтар аст.
"Ин нафаре бояд бошад, ки иқтисоди кишварро боло барад, шароити зистро беҳтар кунад, маош боло равад, ҷавонон вақте соҳиби ихтисос мешаванд мардикор неву соҳиби ҷои кори хуб шаванд",-мегӯяд ӯ.
Ганҷина, мусоҳиби дигари мо, ки ӯ низ барои аввалин бор соли 2013 ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботро пайдо мекунад, гуфт, зарурати ширкат дар интихоботро хуб дарк мекунанд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба тақаллубкориҳо дар интихоботҳои гузашта чандон хоҳиш надорад, ки дар интихоботи президентӣ ширкат кунад: "Барои он ки аз ин интихобот ҳеҷ як тағйиротеро интизор нестам."
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!