Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон. 20 сол дар сари қудрат


Раиси ҷуҳмури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шастсола шуд. Нигористоне роҷеъ ба роҳи тайкардаи ӯ дар 20 соли раҳбарияш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар моҳи ноябри соли 1992 вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси порлумон ва раҳбари давлат интихоб карданд. Дар ду даҳаи гузашта Раҳмон аз собиқ директори совхоз ба як сиёсатмадор ва сарвари давлат табдил ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон (то моҳи марти соли 2007 Раҳмонов) 5-уми октябри соли 1952 дар шаҳраки (ҳоло шаҳри) Данғара дар оилаи обмони колхоз ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди сеюми оила мебошад. Раҳмон мактаби рақами 7 ноҳияи Данғараро дар соли 1969 хатм намуда, ҳамон сол натавонист ба Донишгоҳи кишоварзӣ дохил шавад. Сипас ӯ таҳсилро дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Калининобод идома дод. Баъд чанде дар корхонаи равғанкашии Қӯрғонтеппа кор карда, ба хидмати аскарии сесола дар флоти баҳрии Иттиҳоди Шӯравӣ сафарбар шуд. Баъд аз итмоми хидмати ҳарбӣ Раҳмон муддате дар универмаги Данғара, кор карда, боз ба зироаткорӣ баргашта, ҳамзамон ба таври ғоибона факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатиро хатм намуд.

Дар моҳи июни соли 1988 ӯ директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара таъин шуд ва то тирамоҳи соли 1992 дар ин мақом кор карда, муддати кӯтоҳе раиси комиҷроияи собиқ вилояти Кӯлоб интихоб гашт. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ӯ ба мақоми раиси порлумон расид ва бо бекор шудани низоми президентии Тоҷикистон дар ҳамин иҷлосия амалан ба раҳбари давлат табдил ёфт.

Дар дувумин интихоботи президентии Тоҷикистон, 6-уми ноябри соли 1994, он ҳам пас аз эҳёи мақоми раёсатҷумҳурӣ, дар рақобат бо сарвазири собиқи кишвар Абдумалик Абдуллоҷонов 60 дарсади раъйҳоро ба даст овард ва пирӯз гашт. Аммо рақибаш гуфт, таносуби раъйҳо баръакс буда, ғалаба моли ӯ будааст.

Пас аз чандин давраи гуфтушунид 27-уми июни соли 1997, бо Иттиҳоди мухолифони Тоҷикистон созишномаи сулҳро ба имзо расонд, ки бино бар он наздик ба 30 дарсади мақомоти давлатиро ба аъзои ин иттиҳод дод. Дар солҳои баъдӣ аксарияти намояндагони мухолифон аз ин мақомҳо барканор шуданд.

Соли 1999 зимни як назарсанҷии умумихалқӣ ба Қонуни асосии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гашт ва мӯҳлдати раёсатҷумҳурӣ аз 5 ба 7 сол дароз карда шуд, аммо як шахс ҳақ дошт, танҳо як навбат интихоб шавад. Дар интитхоботи президентии ҳамон сол Раҳмон дар ҳоле ки рақиби эълоншудааш, намояндаи Иттиҳоди мухолифони Тоҷикистон Давлат Усмон номзадияшро пас гирифта буд, бо аксарияти райъҳо пирӯз эълон гашт.

Дар соли 2003 аз нав референдум баргузор гашт, ки бино бар он Қонуни асосӣ тағйир ёфта, акнун як нафар метавонист ду давра пайиҳам раисиҷумҳур интихоб шавад. Моҳи ноябри соли 2006 Раҳмон барои ҳафт сол интихоб шуд. Се номзади "алтернативӣ" аз ҳизбҳои тозатаъсис ба тарафдорӣ аз ӯ таблиғот бурданд.

Ҳеҷ кадоме аз интихоботҳои Тоҷикистон аз тарафи нозирони байнулмилалӣ, бахусус Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои дигар озод, одилона ва шаффоф шумурда нашудаанд. Аммо нозирон аз ИДМ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой онҳоро озод ва шаффоф номиданд.

Ҳизби Халқӣ-Демократӣ эълон кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 ширкат хоҳад кард. Мунаққидон мегӯянд, бо вуҷуди ҳифзи якпорчагии кишвар ва расидан ба сулҳу осоиш Раҳмон натавонистааст, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро ҳал кунад. Кеши шахспарастии Раҳмон ва ширкати васеи аҳли оилаи ӯ дар иқтисоду тиҷорат низ мавриди танқид қарор гирифтааст. Раҳмон ду писар ва ҳафт духтар дорад. Духтараш Озода муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва писараш Рустам раҳбари бахше дар Кумитаи гумрук, раиси Федерсюни футболи кишвар аст.

XS
SM
MD
LG