Ҳамасола дар Тоҷикистон аз 150 ҳазор ҷавони таҳсилкарда тақрибан 120 ҳазор нафарашон бекор мемонанд.
Ба ин далел Хазинаи таҳсилоти Аврупо ва Созмони ғайридавлатии омӯзиши масъалаҳои бекорӣ дар Тоҷикистон, пешниҳод мекунанд, ки ба ҷавонони бекор роҳҳои соҳибкорӣ таълим дода шаванд, то онҳо худашон тавонанд ҷойҳои кории нав таъсис диҳанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон бо фармоиши Хазинаи таҳсилоти Аврупо, миёни ҷавонони аз 15 то 29 сола таҳқиқоте ҷараён дорад, ки он давраи гузариши ҷавонони кишварро аз таҳсил ба фаъолияти корӣ рӯшан хоҳад сохт. Бо назардошти натиҷаҳои ин таҳқиқот Хазинаи таҳсилоти Аврупо пешниҳодҳои худро барои рафъи мушкилоти мавҷуда ба ҳукумати Тоҷикистон ироа мекунад.
Ҷамшед Қудусов, раиси созмони ғайридавлатии омӯзиши масъалаҳои бекорӣ, ки дар анҷоми ин таҳқиқот ширкат дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар 68 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон, миёни қишрҳои мухталифи ҷавонон пурсиш анҷом гирифтааст ва дар он зиёда аз 2 ҳазор ҷавонон ширкат доштаанд.
Пурсишнома 5 соли ахири зиндагӣ ва фаъолияти ҳар ҷавонро дар бар мегирад. Ба ақидаи Қудусов, давраи гузариш аз таҳсил дар мактаби миёна ё донишгоҳ ба фаъолияти корӣ, марҳилаи сарнавиштсоз аст ва дар зиндагии ояндаи ҷавонон асар мегузорад.
Ҳоло таъмини ҷавонон бо кори дорои музди кофӣ яке аз мушкилоти аслии ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад ва аксари ҷавонони шаҳру деҳоти кишвар муҳоҷирати кориро роҳи ҳалли ин мушкил медонанд.
Хазинаи таҳсилоти Аврупо соли гузашта дар Украина ва Қирғизистон низ чунин таҳқиқот анҷом додааст ва барои таҳияи стратегияи кор бо ҷавонон дар марҳилаи гузариш тавсияҳои худро пешниҳод кардааст.
Соли 2007 Созмони Ҷаҳонии Кор низ дар Тоҷикистон назарпурсие анҷом дода, маълум кард, ки танҳо 30 дарсади ҷавонон баъд аз таҳсил дар мактаби миёна ё донишгоҳ тавонистаанд дар давоми як сол дар Тоҷикистон ҷои кор пайдо кунанд. 70 дарсади онҳо дар марҳилаи гузариш ба навмедӣ рӯ ба рӯ шудаанд, ҷои кори муносиб бо дастмузди кофӣ пайдо накардаанд. Чунин вазъ дар Тоҷикистон тақрибан бетағйир боқӣ мондааст.